Тарбияи оидияти ҷинсии кӯдак (2)

Бояд қайд кард, ки новобаста ба синну соли кӯдак, ба саволҳои ӯ ҷавоби дурусту дақиқ додан муҳим аст. Бахусус ҳамроҳи кӯдак доир ба масъалаҳои ҷинсият сӯҳбат кардан ӯро аз маҳрамияти  масъала огоҳ менамояд. Ҳамчунин кӯдак меомӯзад, ки доир ба ин гуна мавзӯъҳо бо волидайн суҳбат кардан муқаррарӣ аст. Ҳамин тавр дар солҳои баъдӣ ӯ оид ба ин масъала ҳаргиз ба ҳар гуна сарчашмаҳо муроҷиат накарда, сараввал бо волидайн машварат мекунад.

Паҳлӯи дигари ин масъалаи муҳим ин аст, ки дар синну соли хурдӣ танҳо доир ба ҷузъиёти пурсидаи ӯ посухи кӯтоҳу татминкунанда додан мебошад. Волидайн бояд донанд, ки ҳазми якбораи ин мавзӯъи мураккаб барои мағзи сари кӯдак душвор аст. “Бигзор бештар донад” -гуфта доир ба масоили ҷинсият ҳама чизро нақл кардан дуруст нест. Посухҳо бояд кӯтоҳ, мантиқӣ, дуруст ва сода бошанд.

Гузашта аз ин баъзан кӯдакони хурдсол доир ба ҳаёти ҷинсии волидайн ҳам савол мепурсанд. Дар чунин маврид дили кӯдакро наранҷонида аз маҳрамияти чунин мавзӯъ ӯро огоҳ кунед. Бо лаҳну шеваи мақбул фарзандро фаҳмонед, ки ҳаёти шахсии волидайн бо касе мавзӯъи баҳс буда наметавонад. Ва рӯшод доир ба ин гуна мавзӯъҳо низ суол кардан дуруст нест. Бори дигар такрор мекунем, ки чунин муколама бо кӯдак бояд дар фазои осоишта ва дар доираи ақлу мантиқ анҷом ёбад. Бахсус, агар духтарбача аз падар ё писарбача аз модар доир ба мавзӯъи ҷинсият суол кунад, “Инро аз падарат ё модарат бипурс” -гуфта, ба нафари лозима равона кардан беҳтар аст.

Дар ин миён қайд кардан зарур аст, ки ҳуҷраи падару модар аз ҳуҷраи фарзандон бояд алоҳида бошад. Ва дари ҳуҷраи волидайн доим пӯшида истад. Агар кӯдак ба назди онҳо даромаданӣ шавад, аввал иҷозат бипурсад. Ҳамчунин баъд аз синни 6-солагӣ  ҳуҷраи духтарбачаҳо аз ҳуҷраи бисарбачаҳо алоҳида бошад. Бахусус волидайн дар назди фарзандон урён ва ё берун аз одоби маҳрамият гашту гузор накунанд.

Ҳамин тавр изҳори мароқи зиёди кӯдакон оид ба масъалаҳои марбут ба оидияти ҷинсӣ баъд аз синни 7-8-солагӣ батадриҷ коҳиш ёфта, баъдан дар синни ба балоғат расидан боз авҷ мегирад. Аз ин рӯ дар ин миён волидайн бояд заминаи ахлоқи ҳамида ва огоҳӣ аз нозукиятҳои чунин масъалаи маҳрамро дар кӯдак ҳар чӣ қавитар тарбия диҳанд.


Тарбияи оидияти ҷинсии кӯдак (1)

Мустақилияти рӯҳӣ-равонии кӯдак

Тарбияи фарзанд ва мавзӯи маҳрамият

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s