Чӣ тавр аз бӯйи бади пойҳо халос метавон шуд?

Бинобар арақ кардани пойҳо бӯйи нофорам ва хеле нороҳаткунанда касро фишори равонӣ мерасонад. Пойафзолҳои чармин он бӯйро ба худ кашида мегиранд ва бо гузашти ҳафтаҳо бӯйи нофорам ба миён омада, боз ба пойҳо мечаспад. Аз ин рӯ пойафзолҳо ба нигоҳубини хос ниёз доранд.

Сабаби асосии бӯйи нофорам ин аз ҳад зиёд арақ кардани пойҳо аст. Худи арақ бӯй надорад, вале шароити мусоидро барои зисти бактерияҳои зиёд ба миён меорад. Маҳз ҳамин бактерияҳо сабаби асосии ба миён омадани бӯйи нохуши пойҳо мегардад. Илова ба ин пойҳо низ ба нигоҳу бин ва тозагии мунтазам ниёз доранд. 

Гипергидроз бемории замбурӯғӣ буда, яке аз омилҳои бадбӯй гардидани пойҳо мебошад. Ҳолати стрессӣ афзоиши тавлиди арақро, ки бактерияҳо онро хеле дӯст медоранд, таҳрик мекунад. Риояи тозагӣ яке аз унсурҳои муҳими арзишҳои маънавӣ аст. Аз ин рӯ дермотологҳо барои рафъи чунин ҳолати нохуш чораҳои зайлро тавсия мекунанд:

Нохунгирӣ нишонаи тозагист

Аз ҳама беш бактерияҳое, ки бӯйи бад ихроҷ мекунанд, дар зери нохунҳо ва пӯсти сангобак шуда ҷамъ мешаванд. Замони шустани пойҳо аз санги ҷилбур истифода кунед ва ба тозагии нохунҳо низ аҳамият дода онҳоро кӯтоҳ кунед. Дар баробари василаи зебу ороиш маҳсуб ёфтани нохунҳои дарози пой миёни занон, он ҳамчунин муҳити хуби пайдоиш ва паҳн гаштани бактерияҳо низ мебошад.

Баъд аз шӯстани пой миёни ангуштонро хушк кунед

Дермотологҳо баъд аз ҳаммом кардан ва ё пойҳоро шустан хушк кардани миёни ангуштонро низ тавсия медиҳанд. Зеро намии миёни ангуштон боқимонда, метавонад сабаби рушди замбурӯғ гардад. Чунин ҳолат дар навбати худ боиси пайдо шудани бӯйи бад мегардад.

Аз сиркои себӣ истифода кунед

Сиркои себӣ барои рафи бӯйи нохуш аз пойҳо чораи муфид аст: 0,5 л сиркои себиро бо 200 мл оби гарм омехта кунед. Докаро дар он тар карда, болои пойҳо барои 20 дақиқа гузоред.

Аз равғанҳои хушбӯй истифода баред

Барои рафъи бӯйи бад аз пой равғани лаванда бисёр муносиб аст. Ба ғайр аз он ки бӯйи нофорамро аз байн мебарад, он ҳамчунин дорои хосияти зиддибактериявӣ мебошад. Танҳо лозим аст 4 қатраи ин равғанро ба пойҳо чаконида, онҳоро масҳ кунед. Ҳамчунин метаовнед ҳаммомча барои пойҳо ташкил намоед: 2 қатра равғани лавандаро бо 3–4 л оби ширгарм омехта кунед ва пойҳои худро дар он 10‐15 дақиқа нигоҳ доред.

Ҷӯробҳоятон чаппа гардонида бишӯед

Ин усул имкон медиҳад то пулакчаҳои пӯст ва бактерияҳои дар онҳо боқимонда хубтар тоза шаванд. Матои ҷӯробоҳо албатта набояд синтетикӣ бошанд. Дар хона пойлуч гардед ва ё ҷӯроби хоси хонапӯшӣ пайдо кунед. Ҳатман дар хона ҷӯроби дар кӯча мепӯшидаро аз пой кашида бароред.

Пойафзолҳоро тоза нигоҳ доред

Бешубҳа, яке аз сабабҳои асосии бадбӯйии пойҳо сифати пасти пойафзоли истеҳсолшуда мебошад. Агар пойафзол аз маҳсули бесифат истеҳсол шуда бошад, пойҳо аз рӯзҳои аввал бӯйи бад мебароранд. Аз ин рӯ ҳангоми хариди пойафзол каме маблағ бештар сарф намоеду маҳсули хуберо харидорӣ намоед, то ки атрофиён аз шумо нороҳат нашаванд. Ҳамчунин пойафзолҳоро, агар имкон бошад, барои тоза нигоҳ доштан мунтазам бишӯед.

Ба табиб муроҷиат намоед

Агар дар баробари бӯйи бад хориш ва пӯстпартоӣ мушоҳида кунед, ҳатман ба табиб муроҷиат ккунед. Зеро ин аломатҳои бемориҳое чун шукуфа, илтиҳобӣ уфунӣ ё микоз буда метавонанд.

– таҳияи Достиев Неъмат


Антибиотики табиӣ мақбултар аст!

6 тамрини таскинбахш барои дарди гардан

4 хосияти хатарноки истеъмоли шакар

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s