Кӯдак ва телевизор (1)

Равоншиносон қайд мекунанд, ки баъд аз мактаб (боғчаи кӯдакона) ва хоб кардан, тамошои телевизор дар мақоми сеюми машғулиятҳои рӯзмарраи кӯдакони аз синни 4 то 10-сола қарор дорад. То ҳатто меъёри рӯзонаи 2 соат тамошо кардани телевизор барои кӯдак зараровар буда, метавонад ба инкишофи зеҳнӣ ва ташаккули шахсияти солими ӯ таъсири манфӣ расонад. Зеро:

– Тамошои телевизор, ҳатто майнаи сари кӯдаки фаъолу эҷодкорро ба пуррагӣ шах карда, раванди фикрияшро бо корҳои бемаъно машғул мекунад. Ҳарчанд волидайн ба “кӯмак”-и телевизор муроҷиат намуда, худро даме озод эҳсос мекунанд, вале таъсири манфии касби чунин одатро солҳои баъдӣ ҳеҷ гуна ҷуброн кардан мумкин намешавад. Зеро барои инкишофи солими ҷисмонии кӯдак ҳаракат кардани вай шарт ва зарур аст;

– Чун кӯдак дар рӯ ба рӯи телевизор дақиқаву соатҳои тӯлонӣ беҳаракат қарор мегирад, он боиси фарбеҳшавӣ мегардад. Илова ба ин, агар ҳангоми тамошои телевизор боз ҳар гуна хӯрокҳои тезтайёру ғайрисолимро истеъмол мекарда бошад, зарари ин навъ беҳаракатӣ дучанд мегардад;

– Аллакай барномаҳои кӯдакона ҳам дар худ аломатҳои хушунат ва даҳштро дороанд. Бахусус, агар қаҳрамони филми тасвириеро ӯ хуш пиндошта, даҳшатафканиву харобкориҳои ӯро тақлид кунад, ин ҳолат торафт андешаовар хоҳад гашт. Боз, агар волидайн беаҳамиятӣ намуда, ҳангоми тамошои филмҳои ҳунарӣ ва ахбори ҷаҳон, ки муҳтавои он асосан барои калонсолон пешбинӣ шудааст, кӯдаконро низ даъват намоянд, рӯҳу равони онҳо осеби ҷиддӣ мебинад;

– Ҳамчунин тамошои беинтизоми телевизор метавонад кӯдаконро аз ҳаёти воқеӣ канда, бо олам ва мафкураи ғайривоқеӣ иҳота намояд. Зеро муҳтавои барномаҳои телевизионӣ бештар ҳаётеро тарғиб мекунанд, ки қобили қабул набуда, фарди ҷомеаро роҳгум месозанд;

– Бахусус рекламаву тарғиботи маҳсули тамокудор, машруботи спиртиву мадҳушкунанда ва рафтору гуфтори нақшу қаҳрамонҳо дар зеҳну шуури кӯдак таъсири манфӣ гузошта, истеъмоли ин навъ маҳсулоти зиёноварро дар назари ӯ мақбул мегардонанд;

– Раванди тамошои телевизор кӯдакро аз ҳолати фаъол ба ғайрифаъол табдил медиҳад. Аз ин рӯ дар вай мароқ ва ҳисси кунҷкобиву тадқиқу таҳқиқ намудан мемирад. Ин гуна фарди ҷомеаи ғайрифаъол то ба охири умр беҳадаф зиста, дар тӯли зиндагӣ номуваффақ мемонад;

– Бахусус пеш аз хоб кардан тамошои аз ҳад зиёди телевизор ба низоми хобкунии кӯдак халал расонида, ӯро хомхоба ва рӯзона хастаҳол мекунад;

(давом дорад)


Тарбияи оидияти ҷинсии кӯдак

Интихоби бозичаи муносиб барои кӯдак

Бигзор, кӯдак фаъол бошад!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s