Тафаккур ва аҳамияти таҷдиди назар кардан

Китоб: “Как люди думают”

Муаллиф: Дмитрий Чернышев

Нашриёт: Манн, Иванов и Фербер, соли 2015

Теъдоди саҳифа: 304

Забони китоб: русӣ


Дар ибораи “тафаккури эҷодӣ” калимаи калидӣ “тафаккур” аст. Зеро раванди тафаккур худ раванди эҷодкорӣ мебошад. Ҳар чизе ки инсонро иҳота мекунад ва дар ҳаёташ рух медиҳад, ҳар чизи нав, ҳар чизи аҷиб худ ғизоест барои мағзи сар, луқмаест барои андешаронӣ. Ашё ва ҳодисоти олам аз ин луқма ва ғизои фикрӣ фаровон мебошанд. Вале муҳим ин аст, ки инсон то куҷо ҳамаи ин ғизоро фурӯ бурда, бо кадом роҳу восита ҳазм карда метавонаду барои бунёди ҳаёти созандаву арзанда ба кор мебарад. Китоби “Как люди думают” аз муаллиф Дмитрий Чернышев як навъ роҳбаладест, ки метавонад ҳазми фикрии ашё ва ҳодисоти оламро барои нафари соҳибидрок ва соҳибандеша осон гардонад.

Муаллиф дар китоби “Как люди думают” нисбат ба равандҳои мавҷуда таҷдиди назар карда, фарди ҷомеаро барои аз равзанаи мавҷудаи иҷтимоӣ бо усули нав нигоҳ кардан даъват менамояд. Чунин равзанаи иҷтимоӣ одатҳои рӯзмарра, рафту омад ба корхона, машғулиятҳои ҳаррӯзаи зани хонашин, усули таълим дар мактабу муассисаҳои олии кишвар ва умуман тамоми он фаъолият ва корҳое, ки зиндагонии моро шакл медиҳанд, буда метавонанд. Чернышев ҳангоми таълифи асари мазкур ба ҳайси Директори креативии агентии тарғиботӣ кор мекард. Худ маслаки интихобкардааш барои эҷодкор будан ва доим фикру идеяҳои тару тоза доштанро водор мекунад. Аз ин рӯ китобашро бинобар таҷриба ва донишҳои мавҷудааш ба қалам гирифтааст, ки услубаш осонбаён аст. Китоб бо як нафас хонда мешавад.

Хониши китоби “Как люди думают” ба ҳар нафаре, ки мехоҳад ба ҳаёти худ навоварӣ ворид намуда, нисбат ба қолабҳои мавҷуда таҷдиди назар кунад, тавсия карда мешавад.


Бо коре машғул бошед, ки бароятон дилписанд аст!

Усули тезхонии матн дастраси ҳамагон аст!

Ҳамоне бош ё бош, ки ҳамонӣ!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s