Кӯдак ва телевизор (2)

– Тамошои бардавоми телевизор муддати тамаркузи диққатро дар кӯдакон коҳиш медиҳад. Чунин паёмад метавонад ба раванди донишомӯзӣ ва таълимгирӣ халал расонад;

– Бахусус, равоншиносон қайд мекунанд, ки тамошои телевизор бо гузашти замон кӯдаконро аз эҳсоси марҳамат, дилсӯзӣ ва ғамхор будан маҳрум мекунад. Зеро тамошои саҳнаҳои пур аз даҳшату ваҳшат чунин эҳсосро дар онҳо кӯр карда, дағалӣ ва изҳори шиддат барин амалҳои номатлуб барояшон муқаррарӣ мегардад.

Меъёри тамошо кардани телевизор чӣ бояд бошад?

– Кӯдаконро то дусолагӣ ба назди экран ва монитори телевизору компютерҳо нашинонед;

– Кӯдакони ба синни 2-3-солагӣ расида беш аз 20 дақиқа телевизор тамошо накунанд;

– Кӯдакони 3-4-соларо барои тамошо кардани филмҳои мустанади кӯтоҳ дар бораи низому қонуниятҳои табиату олам иҷозат додан мумкин аст;

– Новобаста ба синну соли кӯдак волидайн бояд тамошои ҳар навор, барнома ва филмро зери назорати қатъӣ нигоҳ доранд. Бахусус тамошои барномаҳои гуногун ва силсилафилмҳо бе иҷозат ва идораи волидайн қатъиян манъ карда шаванд. Тамошои телевизор набояд ҳамчун одат ва бояду шояди амалҳои рӯзмарра пиндошта шавад.

Чӣ бояд кард?

– Ҳар вақте бегоҳ ба хона медароед, аз кӯдак дур шуда барои худ ва ё барои ӯ ҳамоно телевизорро фаъол накунед. Баръакс, ҳамроҳи фарзанд сӯҳбат кунед, доир ба машғулият ва рӯзи гузаронидааш суол кунед, бо ӯ бозӣ кунед;

– Дар хона танҳо якто телевизор мавҷуд бошад. Агар дар ҳуҷраи хобкунӣ ё дар ошхона ҳам телевизор дошта бошед, аз он халос шавед;

– Вақти хӯрокхӯрӣ телевизорро хомӯш кунед;

– Барои кӯдак муҳити созанда ва бехатари бозикуниро фароҳам оваред. Ҳамин тавр ӯ аз таъсири оинаи нилгун дур мешавад;

– Кӯдак дар рӯ ба рӯи телевизор танҳо нашинад ва мустақилона шабака иваз накунад;

– Агар ҳангоми тамошои телевизор аз манзарае битарсад, ӯро тасаллӣ карда, доир ба манзараи дида шарҳ оваред;

– Агар лозим бошад, кӯдакро аз тамошои барномаи телевизионие манъ кунед ва сабаби онро эзоҳ диҳед.


Тарбияи оидияти ҷинсии кӯдак

Бозӣ заковати кӯдакро инкишоф медиҳад

Нақши бозӣ дар инкишофи равониву ҷисмонии кӯдак

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s