Сабабҳои сардарди субҳгоҳӣ (1)

Баъзан аз субҳ баробари бедор шудан дарди сар моро нороҳат мекунад. Сабабҳои сардарди субҳгоҳӣ гуногунанд:

Kамхобӣ

Хоб воситаи асосии барқарорсозии нерӯи ҷисмонӣ ва зеҳнӣ ба шумор меравад. Бинобар тавсияи табибон инсон дар як шабонарӯз барои пурра барқарор кардани нерӯи тоза бояд 7‐8 соат хоб кунад. Агар инсон аз ин камтар хоб кунад, бадан гумон мекунад, ки гӯё чизе рух дода бошад ва ба режими изтирорӣ мегузарад.

“Гормонҳо муқобили стресс механизми “бизан ё гурез”‐ро ҷорӣ мекунанд, ки дар натиҷа набз тезтар шуда, фишор баланд мешавад. Ҳамаи ин боиси ба миён омадани дарди сар мегардад”, –мегӯяд Салватор Наполи (Salvatore Napoli), табиб ва мутахассиси маркази Неврологӣ дар Англияи Нав.

“Истеъмоли доруҳое чун ибупрофен ё напроксен метавонанд дардро коҳиш диҳанд. Онҳо дардро суст карда раванди тавлиди гормонҳое, ки боиси дард мешаванд, мебанданд”, –қайд мекунад табиб Наполи. Агар баъди истеъмоли ин доруҳо боз ҳам дарди сар рафъ нагардад, пас хоби 20‐30 дақиқагии рӯзона метавонад барои бадан таскинбахш бошад. 

Хоби аз ҳад зиёд

Баъзан мушоҳида кардаем вақте, ки аз ҳаррӯза дида дертар аз хоб бармехезем, бо дарди сар дучор мешавем. Салватор Наполи қайд мекунад: “Хоби шабонаи аз 9 соат зиёдтар ба коҳиш ёфтани сатҳи серотонин рабт дорад. Сатҳи ками гормони серотонин ҷараёни хунро дар майнаи сар паст намуда, боиси ба миён омадани дарди сар мегардад”. Доруҳои таскинбахш метавонанд дардро бартараф кунанд, вале беҳтараш реҷаи хоби худро тағйир дода, сайъ кунед аз 7‐8 соат зиёдтар хоб накунед.

Норасоии эндорфинҳо

Саҳаргоҳон организм эндорфин, гормони хушҳолиро камтар тавлид мекунад. Ин ҳолат дар баъзеҳо боиси дарди нимсара (мигрен) мегардад. “Сатҳи пасти эндорфинҳо метавонад сатҳи нейромедиаторҳои дигарро коҳиш диҳад, масалан серотонинро. Коҳиши тавлиди он дар навбати худ боиси танг гардидани рагҳо гардида, монеаи ҷараёни хун ба майнаи сар мешавад ва дар натиҷа инсон дарди сарро ҳис мекунад”, -мегӯяд Марк Хорсандӣ, табиби остеопатия ва муассиси Маркази кӯмак барои дарди нимсара дар Даллас ва Форт Уэрта.

Лекин мутахассисон то ҳол муайян накардаанд, ки чаро ин ҳолат дар баъзеҳо боиси дарди сар мегардад ва дар дигарҳо бошад не. Ба иддаои табиб Хорсандӣ, машқҳои пагоҳирӯзӣ дар ин маврид чораи муассиртарин мебошанд. Зеро машқҳои ҷисмонӣ тавлиди эндорфинҳоро таҳрик медиҳанд.

(давом дорад)


Таъсири нӯшокиҳои энергетикӣ ба организми инсон

Хурморо баъд аз моҳи рамазон ҳам истеъмол кунед!

4 хосияти хатарноки истеъмоли шакар

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s