Дар раванди таълим ва тарбияи кӯдак барои сарфа намудани нерӯ ва вақт хоҳишманд бошед. Бахусус дар солҳои аввали ба воя расидани кӯдак волидайн дар мақоми “диҳанда” қарор мегиранд. Новобаста ба он ки дар давоми рӯз хастаҳол мегардед ва ё шабона хоби зиёд доред, ҳар дақиқае, ки кӯдак талаб мекунад, бояд барояш фидо кунед. Роҳи муассири ба воя расонидани фарзанди солим ӯро ҳар замон бо ғамхориву муҳаббат иҳота кардан аст. Ҳамзамон чунин фидокорӣ ва рафтори оқилона на танҳо ба ташаккули шахсияти солими кӯдак замина мегузаорад, балки шуморо ҳамчун падар ва модари масъулиятшинос такмил медиҳад.
Самараҳои беандозаи чунин рафтор инҳо хоҳанд шуд:
– Вақте ба талабот ва хосторҳои кӯдак бо ҳассосият ва бо усули лозима ҷавоб мегӯед, ӯ усули мувофиқи робитасозӣ бо волидайнро меомӯзад ва ҳамин тариқ боварӣ ба шахсияташ меафзояд. Кӯдак дарк мекунад, ки ӯ ба касе даркор аст ва ӯро дӯст медоранду эҳтиёҷоташ қонеъ гардонида мешаванд;
– Ҳар вақте гурусна мемонаду волидайн ӯро сер мекунанд, то чӣ андоза ҳассос будани атрофиёнро дарк мекунад. Ҳамин тариқ ҳисси боварӣ ба атрофиёнаш шакл гирифта, дар эътимод устувор мегардад;
– Вақте волидайн бо кӯдак тамоси биноӣ месозанду зуд-зуд ба чашмони ҳамдигар нигоҳ карда, бо ҳамин тариқ муошират мекунанд, ӯ малакаи пай бурдан ва хонда тавонистани эҳсосоти мухотабро азхуд мекунад;
– Ҳар вақте кӯдак ба оғӯш гирифта мешавад, тарсу ваҳмҳояш таскин ёфта худро дар амн ҳис мекунаду ҳузурро ба даст меорад;
– Вақте кӯдак ба ғазаб меояд, асабӣ мешавад ё ғамгин мегардад, ӯро бо шева ва усули мувофиқ ором карда, мушкилашро осон кунед. Ҳамин тариқ кӯдак малакаи ҳамдард буданро меомӯзад;
– Ҳар вақте модар фарзандро дар оғӯш мегардонад, кӯдак таҷрибаҳои нав ба нави эҳсосиро азхуд мекунад;
– Вақте кӯдак хоб мекунад, ба ӯ наздик бихобед. Ҳамин тавр ӯ роҳат ва дар амн худро ҳис карда, хоби солимро касб мекунад;
– Ҳар вақте ба кӯдак нигоҳ карда изҳори хурсандӣ ва табассум мекунед, ӯ аз ин ҳолат завқ бурда, пурнишот мегардад. Кӯдак пай мебарад, ки ҳузури ӯ атрофиёнро шодӣ мебахшад ва аз ин ҳолат ӯ низ шод мегардад.