Сабабҳои сардарди субҳгоҳӣ (2)

Хуррок кашидан 

Хуррок кашидан ҳангоми хоби шабона низ метавонад саҳаргоҳон боиси дарди сар гардад. “Чунин лаҳзаҳои манъ шудани нафаскашӣ як чанд сонияро дар бар мегиранд, лекин боиси кам шудани ҷараёни оксиген ба майнаи сар мешаванд”, -шарҳ додааст Марк Хорсандӣ.

Олимон ҳанӯз намедонанд, ки чаро ин ҳолат боиси дарди сар мегардад. Баъзе аз мутахассисон бар ин назаранд, ки кам шудани ҷараёни оксиген боиси васеъ гардидани рагҳои майнаи сар гардида, ҷараёни хун ва фишорро дар сар зиёд мекунанд. Дар пайи ин дарди сар ба миён меояд.

Одати қаҳванӯшӣ 

Кофеин ҳамчун муҳаррики системаи асаб амал мекунад. Агар шумо мунтазам қаҳва менӯшед ва акнун мехоҳед нӯшидани онро бас кунед,  чунин қарори фаврӣ боиси дарди сар шуда метавонад. Чунин тасмимро бояд қадам ба қадам роҳандозӣ намоед. Меъёри қаҳваи рӯзмарраро камтар карда, мунтазам аз нӯшидани он даст кашед.

Якбора хориҷ кардани кофеин аз тағзияи рӯзмарра боиси васеъ гардидани рагҳо дар майна мешавад ва дар натиҷа ҷараёни хун ва фишор зиёд шуда, дарди сар ба миён меояд. Табиб Салватор Наполи қайд мекунад: “Агар шумо аз ҳад зиёд ва ё ҳар субҳ вақти муайян қаҳва менӯшед, эҳтимоли зиёд аз дарди сар ранҷ хоҳед бурд. Дар ин сурат нӯшидани як финҷон қаҳва чораи муассиртарин аст. Агар мехоҳед аз ин одат даст кашед, пас на якбора, балки тӯли як ё ду ҳафта тадриҷан миқдори маъмулиро камтар истеъмол намоед”.

Ҳолати рӯҳафтодагӣ

Дар чунин ҳолат дарди сар ҳар вақт метавонад инсонро нороҳат кунад. Ин ба сатҳи пасти гормони серотонин рабт дорад. Вале аз нигоҳи табиб Наполи ин дардҳо бештар саҳаргоҳон хуруҷ мекунад. Депрессия метавонад барномаи муқаррарии хоби инсонро халалдор кунад. 

Фишори баланди хун

“Агар фишори шумо 140/90 мм ст. см ё аз ин баланд бошад, пас фишори хун дар мағзи сар баланд аст. Фишорбаландӣ яке аз омилҳои маъмули дарди сар аст”, -мегӯяд табиб Марк Хорсандӣ.

Баъзан одамон то замони пайдо шудани аломатҳои дигар ба ҷуз аз дарди сар пай намебаранд, ки фишори хунашон баланд аст. Агар дарди сар шуморо зуд-зуд ва ногаҳон нороҳат кунад ҳатман ба табиб муроҷиат кунед. Одатан сабабҳои хуруҷи сардардро метавон мустақилона муйян намуд. Дар ҳолатҳои хеле кам он метавонад аломати бемориҳои ҷиддие чун варами мағзи сар ё аневризма бошад.

Саломат бошед!

–таҳияи Достиев Неъмат


6 тамрини таскинбахш барои дарди гардан

Издивоҷ ҳаётро солимтар мекунад!

Истеъмоли аз ҳад зиёди шакар зарар аст!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s