Китоб: “Тобистон”
Муаллиф: Пӯлод Толис
Мураттиб: Иноят Рустамова
Нашриёт: “Адиб”, соли 2009
Теъдоди саҳифа: 126
Забони китоб: тоҷикӣ
Рӯзҳои истироҳати тобистонаро бо хондани китобҳои ҷолибу муфид гузаронидани хонандагон муҳим ва самарабахш аст. Аз ин рӯ муаллимон ба талабагон феҳристи адабиёт барои мутолиа дар таътили тобистонро пешниҳод мекунанд. Дар он феҳрист ҷой кардани повести “Тобистон”-и нависандаи зиндаёд Пӯлод Толис фоидабахш хоҳад буд. Хостем ба ҳаводорони Сомонаи тафреҳӣ-ахлоқии “Офтоб” низ хондани ин китобро тавсия намоем.
Повести “Тобистон” чанде аз ҳикояҳо ва хотираҳои нависандаро дар бар мегирад, ки бисёр ҷолиб ва аз ҷиҳати бадеият бисёр устокорона рӯи коғаз оварда шудаанд.
Умедворем, аз хонади ин китоб баҳра мебаред.
– Исмати Нек