Меваи растании гоҷи, девхор ё хостаки муқаррарӣ (Lycium barbarum) дорои элемент ва витаминҳои зиёди барои организми инсон фоидабахш мебошад. Дар баробари қавиградонии малакаи ҳофиза ҳамчунин барои табобати бемории Алзоймер таъсирбахш аст. Азбаски меъёри қандро дар хун дар мувозинат ва меъдаро сер нигоҳ медорад, истеъмоли он аз ҷониби диетологҳо тавсия карда мешавад.
Хостаки муқаррарӣ дар қисматҳои ҷануби шарқии Аврупо ва дар тамоми қисмати Осиё мерӯяд. Бахусус дар Хитой аз фоидаи ин растанӣ аз қаим-ул-айём васеъ истифода мекунанд. Таъми меваи хостаки муқаррарӣ ба гелос ва черника шабоҳат дорад. Ин мева аз моеъ ғанӣ буда, ширин аст. Дар таркиби гоҷи анқариб 21 навъи элементҳо мавҷуданд: оҳан, мис, синк, селениум, фосфор, калсий ва ғайра. Табибон қайд мекунанд, ки танҳо дар 20 гр меваи гоҷи 20% меъёри рӯзмарраи барои организм лозимаи витамини С мавҷуд аст. Аз ин рӯ барои баланд бардоштани масунияти организм ва ҳамчун тақвияти фаъолияти самараноки бадан истеъмоли меваи гоҷи тавсия карда мешавад.