Нақши бобо ва бибӣ дар раванди инкишофи шахсияти кӯдак

Бешак, бобо ва бибӣ наберагонашонро бисёр дӯст меодранд, онҳоро доим таҳсин мегӯянд, бо онҳо фахр мекунанд ва тасаллӣ медиҳанд. Бобову бибӣ доим кӯшиш мекунанд, ки аз таҷрибаи ҳаётии хеш наберагонашонро огоҳ намоянд, то ки онҳо дар ҳаёт усутуворона қадам зананд. Доир ба таърихчаи оила, дар бораи гузаштагону аҷдодон ва доир ба ҳифзи арзишҳои дохилиаҷдодӣ маълумот медиҳанду меомӯзонанд.

Чунин пиронсолони оила ба наберагонашон ҳатман дар бораи кӯдакии падару модари кӯдак нақлҳо мекунанд. Ҳамин тавр кӯдак меомӯзад, ки замоне волидайни ӯ низ кӯдак буданд ва худи кӯдак соҳиб ва порчаи як оилаи бузурге аст. Чунин оидияти оилавӣ барои ташаккули шахсияти кӯдак нақши муҳимро мебозад. Азбаски бобо ва бибӣ ба мисли падару модари кӯдак дар масоили таълиму тарбияи наберагон пурмасъул нестанд, робита ва муколамаи онҳо роҳаттару озодтар мебошад. Чунин робитаи пурҳузур миёни бобову бибӣ ва набера барои ҳар ду ҷониб муҳим аст.

Агар наберагон аз пиронсолони оила алоҳида мезиста бошанд, онҳо бобо ва бибияшонро гоҳ-гоҳ мебинанд. Аз ин рӯ, ҳар вақте ба зиёрати онҳо мераванд, кӯшиш мекунанд, ки бобо ва бибияшонро бо ҳузури худ шод кунанд. Кӯдакон бо онҳо вақтро хуш мегузаронанд. Дар навбати худ бобо ва бибӣ низ аз ин гуна вақтгузаронӣ шод гашта, дар оила пурҳузур мешаванд. Пиронсолон худро фаромӯшшуда ва ба касе нодаркор ҳис намекунанд. Бахусус, чунин эҳсоси манфӣ дар замони пиронсолӣ авҷ мегирад ва танҳоӣ онҳоро зер мекунад. Робитаҳои дохилиоилавӣ миёни пиронсолону хурдсолон ҳам барои бобо ва бибӣ ва ҳам барои наберагон муҳим аст.

Дар баробари дӯстдорӣ ва изҳори ғамхорӣ нисбат ба наберагон, пиронсолон ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ба раванди таълим тарбияи кӯдакон, ки аз ҷониби падару модар нақшагузорӣ карда шудааст, дахолат намоянд. Зеро умури ҳар хонадон гуногун буда метавонад. Бахусус ин гуна дахолатҳои бемавриди пиронсолон метавонад ба нуфузи волидайн зарба занад. Авторитети асосӣ барои кӯдак бояд падар ва модар бошанд. Ҳар вақте набера рӯзу ҳафтаҳо ҳамроҳи бобо ва бибияш меистад, волидайн ҳатман аз реҷаи рӯзи фарзандашон, доир ба одатҳои рӯзмаррааш, раванди таълиму тарбияаш онҳоро огоҳ намоянд.

Агар ба назари бобо ва бибӣ дар раванди таълим ва тарбияи набераашон нуқсе мавҷуд бошад, ин масъаларо бояд ҳамроҳи волидайни кӯдак дар алоҳидагӣ бо усули маданӣ машварат намоянд. Бигзор, пиронсолон таҷриба ва муҳаббати худро ба наберагонашон диҳанд, лаззати наберадориро бичашанд, вале меъёри лозимаро дар умури тарбия ва таълими кӯдак риоя намоянд.


Дарозумрӣ ва хушбахтии волидайнро мехоҳед?

Барои тарбияи солими кӯдак хоҳишманд бошед!

Раҳмат ба Гарвард!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s