Деҳқон ва писар

Деҳқоне ҳамроҳи писараш ба киштзори гандум рафтанд. Писар ба падараш нигарист ва гуфт:

– Падарҷон, аз ин хӯшаҳо қомати баъзеаш хам ва баъзеашон рост аст. Ба ман чунин менамояд, хӯшаҳои қадрост ба монанди соҳибмансабони боғурур мебошанд. Хӯшаҳои сархам бошанд ба мисоли одамони хоксоранд.

Деҳқон дар аввал бо шунидани суханҳои писараш табассум кард. Вале баъдан як хӯшаи гандумро, ки қадаш рост буд ва яктои дигар хӯшаи сархамро канда гуфт:

– Чӣ хеле, ки мебинӣ, даруни хӯшаи қадрост холӣ аст. Инсонҳо ҳам мисоли инҳо ҳарчанд ақлу дилашон холӣ аст, вале миёни мардум сарбаландона аз кибру ғурурашон мефахранд.

Баъдан деҳқон ба хӯшаи сархам ишора кард ва гуфт:

– Ана, нигар писарам! Ин хӯшаи сархам аст. Дарунаш пур аз ҳосил ва донаҳояш калон-калон мебошанд. Инҳо, чӣ гунае ки гуфтӣ, ба нафарони оддӣ ва хоксор, вале ақлу дилашон пурбору сермаҳсул монанд мебошанд. Чунин нафарон аминанд, зеро аз кибру ғурур ориянд.

– таҳияи Рабиева Ганҷина


Рӯбоҳ ва хирс

Бобои боғбон – бобои ман

Мард ва деви обӣ

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s