Ғизоҳои фоиданок барои узвҳои бадан

Бадан гоҳ-гоҳ ба тозагӣ ва барқароршавӣ ниёз дорад. Истеъмоли ғизои лозима метавонад ба узвҳои бадан аз дору ва муолиҷаҳои тиббӣ бештар кӯмак кунанд:

Ғадуди сипаршакл

Карафс кори ғадуди сипаршаклро беҳтар мекунад. Инчунин хунро тоза карда, аз тагшиншавии кислотаи пешоб дар буғумҳо пешгирӣ менамояд. Шарбати карафс ба илтиҳоби ғадуди спаршакл кӯмак мекунад.

Системаи ҳозима

Пиёз иштиҳоро беҳтар карда, раванди ҳазмкунии маводи ғизоиро бароҳаттар менамояд. Инчунин дар таркиби пиёз моддаҳои зидди варам ва микроб мавҷуд аст. Ҳамчунин нахии тухмии зағир токсинҳоро (моддаҳои заҳрнок) аз бадан хориҷ мекунад. Ин тухмӣ аз равғани табиӣ бой буда, барои фаъолияти мӯътадили бадан кӯмак мекунад.

Ғадуди зери меъда

Чормағзи бразилягӣ дар таркибаш элементи селенро зиёд дошта, барои хориҷ кардани симоб аз бадан мусоидат мекунад. Вале дар баробари ин ҳангоми истеъмоли чормағзи бразилягӣ эътидолро бояд риоя кард. Зеро аз ҳад зиёд истеъмол намудани он метавонад ба организм зарар расонад.

Ҷигар

Лаблабу барои хориҷ кардани токсинҳо ба ҷигар кӯмак мекунад. Инчунин лабалабу ғизое мебошад, ки организмро ҷавон нигоҳ медорад. Хусусан пӯст, нохун ва мӯйро доим дар ҳолати таруз тоза нигоҳ медорад.

Ҳамчунин занҷабил раванди фаъолияти мубодилаи моддаҳоро дар организм тезонида, ба кори ҷигар кӯмак мекунад.

Норинҷ кори ҷигарро фаъол гардонида, баданро бо маводи зиёди ғизоӣ таъмин менамояд. Азбаски он аз витаммини С бой аст, системаи масуниятро қавӣ нигоҳ медорад.

Заҳрадон

Истеъмоли равғани зайтун бо шарбати мева барои хориҷ кардани сангҳо аз заҳрадон кӯмак менамояд.

Рӯда

Нахии карам токсин ва металҳои вазнинро аз организм хориҷ мекунад. Инчунин кислотаи таркиби карам микрофлораи рӯдаро беҳтар намуда, ҳозимаро метезонад.

Гурда

Намаки баҳрӣ кислотаҳои барзиёдро тавассути пешоб аз организм хориҷ мекунад. Инчунин тавозуни ишқорро дар бадан нигоҳ медорад.

Ҳмачунин клюква (растании буттагӣ) беҳтарин антибиотики табии ва моддаи зиддивирусӣ барои пок кардани масона ва роҳи пешоб мебошад.

Ҷафарӣ беҳтарин доруи пешоброн буда, ташаккули сангҳоро дар гурда ва масона пешгирӣ менамояд. Инчунин масона ва роҳи шошаро пок карда, боиси бештар истеҳсол намудани моеъ дар бадан мегардад.

Рӯдаи рост

Ананас ферменти ҳазмкунандаи бромелайн дошта, рӯдаи ростро пок мекунад ва ҳозимаро беҳтар менамояд.

Тамоми бадан

Истеъмоли себ баданро аз токсинҳо ҳимоя менамояд. Моддаи пектин дар себ барои бартараф намудани иловаҳои зараровари хӯрокворӣ ва металҳо мусоидат менамояд.

– таҳияи Саид Муъмин


Сабабҳои сардарди субҳгоҳӣ

Антибиотики табиӣ мақбултар аст!

Чӣ тавр аз моддаҳои зарарноки дар таркиби сабзавот ва мева мавҷудбуда халос шавем?

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s