Изтироби файзбахш (1)

Фарзанди одам дар ин дунё барои дарки ҳастии худ ва мазҳари мақоми инсони комил гаштан, аз масири пурталотум гузашта, ба сони сайёҳ маҷбур аст аз миёни кӯҳҳои қоматбаланду мушкилгузари зиндагӣ убур намояд. Вай дар ин ҷодае, ки аз роҳу равишаш огоҳ нест, маҷбур аст ба ҳар падидаи навзуҳур муқовимат нишон дода, душвориҳоро ба сина кашида, қадам ба қадам монеаҳоро паси сар намуда ба мақсуд бирасад. Зеро ба ҳар нафар танҳо як маротиба муяссар мешавад, то ки чунин сафарро анҷом дода, бад-ин васила ноили абадият гардад.

Дар асл, анҷом додани чунин як саёҳат танҳо насиби одам намегардад, балки бинобар дараҷа аз ҳар як махлуқ адо намудани ин гуна саёҳати пурмашаққат тақозо карда мешавад. Аз рӯзи аввали офариниш ҳар як он бори гаронро ба олами ҳастӣ бо худ меорад. Баъдан, барои камол ёфтан ба ҳувияти хоса ва гузашта аз ин то табдил ба табиати сонӣ як лаҳза ҳам таваққуф накарда, аз як қолаб ба қолаби дигар ғунҷида, бо изтироб, сахтӣ ва ҳар дам миёни ҳаёту мамот риштаи эҳё ресида, ба самти бунёди фитрати аслӣ роҳ мепаймояд.

Об, то вақте зери таъсири ҳарорат намонад, бухор шуда ба возеҳият намерасад. Тухмӣ, то даме ки кафида напӯсад, сунбула ва муғҷа аз худ дарак намедиҳанд. Дарёҳо мавҷзанон миёни сангҳо лапиш хӯрда мепазанд, соф мешаванд ва мисли ашки дидаи абрҳо мегарданд. То вақти барфу сармо нарасад, баҳор наояд; агар ба рағми он ояд, беқадр хоҳад монд. Тилло ҷилову қадр ва пӯлод муқовимати зарбашро ба дегу гулхан қарздоранд. Замину хок ба масобаи устухонҳои дар он нуҳуфта ва раъду барқи хӯрдааш зинда гашта, аз худ дарак медиҳаду ҳазору як гулро доягӣ мекунад. Зулмот ба зарари хеш дар оғӯшаш равшаниро парвариш медиҳад; зимистон хулосаи низомашро бинобар баҳор созиш медиҳад. Аз ин ҷост, ки охири ҳар зимистон баҳор асту охири ҳар шаб наҳор! Даргузаштанҳо ба хотири эҳё ҳастанду ранҷбариҳо барои равнақёбӣ дар умури зиндагонӣ. Ҳар вақте фард дар тӯли ҳаёт ҳазорҳо бор мурда боз зинда мешавад, бад-ин васила аз таъсир ва фишори сеҳркунандаву фиребдиҳандаи “эго” раҳо ёфта, маънан сазовори абадият мегардад. Ҷамоат дар натиҷаи мушкилиҳои басарбурда ва муқовимат бо монеаҳои пайдошуда такмил меёбад, мепазад ва лоиқи ҷовидонӣ мешавад.

Бешак, то ба абадият ноил гаштан, пайиҳам аз лиҳози тарбияи нафс мурда боз эҳё шудан завқбахш; ҳар зарбаи навбатиро ҳамчун танбеҳ шуморида боз ба худ омадан хушӣ; новобаста ба ҳазору як бандубасти зиндагӣ ояндаро боумед истиқбол гирифтан қаҳрамонӣ маҳсуб меёбад!

(давом дорад)


Занҷирро машикан!

Сермутолиа ва огоҳ бошем!

Тафаккур ва аҳамияти таҷдиди назар кардан

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s