Нафаскашии дуруст ҳам гарави саломатӣ аст

Инсон, дар баробари аз раҳми модар берун шудан, нафас кашиданро сар мекунад. Нафас барои зинда мондани мо зарур аст. Бадани инсон ба оксиген ниёз дорад, аз ин ба туфайли системаҳои автономӣ ин корро ба роҳ мемонад. Яъне аксар вақт мо ҳатто пай намебарем, ки нафас кашида истодаем, лекин организм ин амалҳоро бевосита иҷро мекунад.

Системаи нафаскашӣ танбал мешавад

Агар функсияҳои бадан мунтзам нигоҳубин нашаванд ва бо тамрин фаро гирифта нашаванд, он низ ба танбалӣ одат мекунанд. Вақти беҳаракатӣ, чӣ хеле ки мушаку буғумҳои мо хосияти чандирии (ёзандагӣ) худро гум мекунанд, ҳамон гуна системаи нафаскашӣ низ бе тамрину машқҳои муайян, танбал мегарданд.

Оксиген барои ҳар як ҳуҷайраи бадани инсон хеле муҳим аст. Зеро маҳз бо туфайли ҳузури оксиген бадани инсон ва ҳайвонот моддаҳои мухталифро (карбогидратҳо, чарбу, сафедаҳо) коркард намуда, барои ниёзҳои худ нерӯ тавлид мекунад. Сатҳи оксиген дар хун яке аз аломатҳои асосии солимӣ дониста мешавад. Агар доду гирифти нафасро назорат накунед, бо мурури замон шушҳо аз миқдори лозима камтар ҳаво қабул карда, камбуди оксиген дар организмро эҳсос хоҳед кард. Илова бар ин, агар дар сохтори бинӣ ягон мушкилие дошта ва бо даҳон нафас мекашида бошед, ин ҳолат шуморо беҳолтар мекунад.

Сифати зиндагиро беҳтар кунед

Аз нигоҳи мутахассисон инсон бояд рӯзона 40 бор нафаси чуқур гирфта барорад. Барои ин дар давоми рӯз вақти муайян ҷудо карда ин машқҳои махсуси нафаскаширо иҷро кунед. Бо бинӣ оҳиста-оҳиста нафаси чуқур гирифта, нафаси гирифтаро аз даҳон берун бароред. Истифодаи пардаи ҳоҷиз (диафрагма) зимни нафаскашӣ ва то ҳадди имкон бо ҳаво пур кардани шушҳо таъсирбахш аст. Нафаскашии мунтазам шушҳоро бо ҳаво пур карда ҳам хастагии баданро рафъ мекунад ва ҳам сифати зиндагӣ беҳтар мешавад.

–таҳияи Достиев Неъмат


Ғизоҳои фоиданок барои узвҳои бадан

Меваи аз 21 элементи фоидабахш ғанӣ

6 тамрини таскинбахш барои дарди гардан

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s