Изтироби файзбахш (2)

Ононе, ки ҳаётро дар партави нури имон ва шуури солим ба сар мебаранд, бо зиёи малакаи фикрии хеш болу пари умед афрохта, аз дарёҳои хунину римдори работи фонӣ парвозкунон мегузаранд. Баъзеҳо бошанд мақсуд аз омадан ба ин оламро дар пок шудану орӣ гаштан донистаанд ва дар ин ҷода мисли Насимӣ зинда ба зинда пӯст канда ва мисли Мансур ба дор кашида шудаанд. Азбаски онҳо қаҳру лутфро ҳамсон донистаанд, дармонро дар худи дард пайдо карда буданд; ҳар чӣ ба сарашон омад, бо завқу ҳайрат тамошо карданд ва қатъиян дар муқовимат дасту пой гум накарданд. Дасту пой гум кардан як сӯ истад, ҳар мусибати навбатӣ дар синаи онҳо нағмаҳои нав ба навро бедор карда, ба сони мизроб тори дилро расида ба шавқу ҳаяҷонҳои баъдӣ ташвиқ кардааст. Аҳамият ва таъсири тӯфону бӯрон барои қуллаҳои осмонбӯс чизе бошад, барои чунин нафарони комил таъсир ва ҳикмати изтироб низ ҳамон аст. Ва ҳатто гуфтан мумкин аст, ки ҳаёти беизтироб барои онҳо мисли азоби сангину марг буда; бахусус, агар чунин беизтиробӣ нисбат ба ҳоли миллати музтариб ва арзишҳои тахрибшудаи миллӣ аст.

Аз ин ҷост, ки соликони роҳи Ҳақ(қ) ва қаҳрамонони дар роҳи бақои арзишу ҳастии миллат фидошуда ҳаргиз аз балову дард ҷудо назистаанд. Онҳо дар тӯли таърих доим барои мунаввар кардани ақлу дили башарӣ ҷаҳд намуданд. Яке аз чунин ситорагони авҷи башарӣ ва муршидони заволнопазир Имом Абӯ Ҳанифа буд, ки фикру тасбитҳои нодираш башариятро то ба замони мо роҳнамун гаштанд, вале ӯ аз ҷониби ҳамасронаш таҳқир шуда, дар зиндонҳо то ба охири умр ранҷ кашидааст. Аҳмад ибни Ҳанбал ба мисли як роҳзан муомила дида, солҳои зиёд азобу шиканҷаҳои сангинро аз сар гузаронида буд. Имом Сарахсӣ асари бузургаш “ал-Мабсут”-ро дар чоҳе, ки солҳои зиёд дар он маҳбасӣ буд, таълиф намуда дастраси оламиён кардааст. Ва мисли инҳо чандин чиллакашони роҳи ҳақ, ки дар саҳифаҳои таърих номашон боқӣ мондааст.

Чунин нафарони ба авҷи камолот расида дар баробари азият ва шиканҷаҳои кашида ноили моварои олами моддӣ гашта, дили мунавварашон барои эҳёи миллат мисли маъхази партавфишон равшанӣ бахшидааст. Ҳамин тавр Кампанелла дар зиндон, Сервантес дар асорат, Достоевский ҳангоми маҳкумият ба дарки ҳувияти аслии хеш расиднаанду дар дили оламиён ҷовидон мондаанд.

Ҳар кӣ дар дил фикри хизмат кардан ба мардумро ҳомил аст, аз аввал бояд бидонад, ки вазифаи ба ӯҳда гирифтааш қудсӣ, сафараш тӯлонӣ ва масири он аз мушкилоту ранҷи зиёд иборат аст. Ва ҳамчунин ӯ бояд бидонад, ҳар кӣ дар ин ҷодаи муқаддас сарсупурда мегардад, бо ҳодиса ва нафарони шарир муқовимат карда, дар ҳар гузар марг интизораш мешаваду доим мисли як бадкор муомила дида, аз ҳаққи мисли инсони бошараф зистан ҳам маҳрум карда мешавад. Вагарна ҳар нафари холӣ аз шуури изтироб даъвои ҳақ намуда, худро солики ин роҳ метарошид. Ҳол он ки чунин заифиродагони хомрӯҳ бо вазиши боди сабуки мушкилиҳо ва сар задани душвориҳои кӯчак ҳамоно аз мақсуд рӯ гардонида, масири ҳаракатро иваз мекунанд.

Чунин рӯҳи мискин мехоҳад, ки борон борад, вале раъду барқ нашавад; атроф ба мисли зумуррад ҷомаи сабз бабар кунад, вале ҳеҷ як тухмӣ кафида напӯсад; модарон фарзандонро ба дунё оранд, вале изтироб ва дарди ҳамлро накашанд. Яъне ин андешарони сатҳӣ меоҳад, ки дунё ва умури он бинобар хоҳиши сафили ӯ шакл гирад. Зеро мақсудаш кайфу сафо аст, бепарво зистану мисли чорпоён озод аз масъулияти одамӣ ба сар бурдан аст. Вале ин амр муҳол аст! Инсон ҳаргиз дар ин олам сирф барои завқи моддӣ чашидан офарида нашуда буд. Вай масъули инкишоф додани қобилиятҳояш аст. Ва барои моҳияти улвии дар худ нуҳуфтаро нашъунамо карда, ҳамчун мунаввар сазои оинаи инъикосдиҳандаи Ҳақ(қ) шудан, гаштаву баргашта дар гулхани изтироб иродааш бояд обутоб ёбад.


Тафаккур ва аҳамияти таҷдиди назар кардан

Ғофил манишин, на вақти бозист!

Ҳамоне бош ё бош, ки ҳамонӣ!

One Comment Add yours

  1. citizen87 says:

    монификкк!!!

    Like

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s