Доир ба истифода ва зарари ҷиҳозҳои электронӣ тариқи ВАО борҳо гуфтаанд. Вақти он расидааст, ки аз пайи амалӣ шудани тавсияҳои табибон ва коршиносон кӯшиш намоем. Зеро ҳам саломатии мо ва ҳам насли мо ба он вобастагии қавӣ дорад. Иқрор бояд шуд, ки ҳарчанд мекӯшем аз ҷиҳозҳои электронӣ халос ёбем, имкон надорад. Чун дар замоне зиндагӣ дорем, ки ҳамаи корҳоямон тариқи техникаву технология анҷом меёбанд ва атрофи моро онҳо бапуррагӣ иҳота кардаанд. Камаш дар хонаи ҳар яки мо смартфон, планшет ё компютер мавҷуд аст. Аммо аз меъёр зиёд истифода кардани онҳо ба саломатии мо зарари калон мерасонад. Махсусан барои кӯдакон хавфи калон дорад.
Ҳоло барои мардуми мо муд шудааст, ки кӯдакаш ҷиҳозҳои электронии қиматбаҳо дошта бошад. Дар воқеъ саломатии тифлатонро мехоста бошед, ҳангоми истифодаи ҷиҳозҳои электронӣ ба онҳо диққати махсус диҳед. Мутахассисон дар ин бора тавсия медиҳанд, ки агар тифли солим орзу доред, ҳадди ақал то синни 2-3-солагӣ кӯдаконро аз истифодаи он манъ кунед.
Ҳамарӯза ҳар яки мо шоҳиди он мешавем, ки модарони танбал ба хотири он, ки хобашонро вайрон накунанд, кӯдакро шабонарӯз назди телевизион мегузоранд, ё телефони мобилии худро ба ӯ дода, бо дугонаву ҳамсояҳояшон машғули гуфтугузорҳои ғайбатомез мешаванд. Аксари дигар аз хушҳолӣ ва завқ ин корро анҷом медиҳанд, ки кӯдаки хурдсоли ӯ гӯё чунин қобилият дорад ва на ҳар кӯдак аз ӯҳдаи чунин кор баромада наметавонад. Мутахассисон огоҳ мекунанд, ки истифода бурда тавонистани телефон ё планшет нишона аз заковати баланди кӯдак буда наметавонад. Баръакс, зеҳну заковати ӯро аз хурдӣ коҳонида, дар оянда андешаронии ӯро заиф месозад.
Ҳамчунин дар синну соли томактабӣ онҳо бинобар ҳувияти шахсияшон амал мустақилона амал накарда, бо тамошои шабакаҳои ҳархела ё истифодаи интернет одатҳои бади дигаронро ба худ касб мекунанд. Ва ин боиси тарбияи нодурусти онҳо мегардад. Мутахассисон ба он андешаанд, ки кӯдаконе, ки дар муҳити рақамӣ вақти зиёд мегузаронанд, нисбат ба дигар кӯдакон рӯҳияи ноқису инкишофнаёфта доранд. Бояд гуфт, ки ҳар як кӯдак аллакай фарди ҷомеа аст. Агар хоҳед, ки ҷомеаи солим дошта бошем, тарбияи тифлонро саҳл нагиред!
– Ризоева Лола