Аҳамияти боғчаи кӯдакона дар инкишофи кӯдак

Боғчаи кӯдакона муассисаи томактабиест, ки кӯдаконро барои такмили таълим ва тарбияи ибтидоӣ дар муассисаҳои мактабӣ омода мекунад. Вале бояд қайд кард, ки вазифаи боғчаҳои томактабӣ барои кӯдакони синну соли аз 3 то 6 омӯзонидани хондану навиштан нест, балки шавқу ҳаяҷони онҳоро барои таҳқиқ ва донишомӯзии бештар бедор кардан аст.

Аз ин рӯ бинобар барномаи боғча ба кӯдак бештар маълумот оид ба рангҳо, шаклҳо ва мафҳумҳои гуногун дода мешавад. Ҳамчунин донишҳои аввалиндараҷа дар бораи ҳайвонот, ҷонварони мухталиф, табиат, одамон, курраи Замин, кишварҳову мафҳумҳои географӣ, коинот ва ғайра омӯзонида мешаванд. Вазифаи асосии боғчаи кӯдакона омӯзонидани одоби муошират, риоя ба қоидаҳои тозагӣ, касби малакаи анҷом дода тавонистани амалҳои рӯзмарра бинобар синну сол, мустақилона хӯрок хӯрда тавонистан, ҳамроҳи ҳамсолон дар мувозинат бозӣ кардан ва додугирифти солим доштани кӯдак мебошад.

Ҷиҳатҳои манфиатбахши таълим ва тарбияи муассисаи томактабӣ барои кӯдак:

– Бозӣ кардан бо ҳамсолон ва робита бо кӯдакони дигар нутқи гуфтугӯияшро инкишоф медиҳад, бойгонии луғавияшро ғанитар мегардонад ва талаффузи калимаҳоро дуруст мекунад;

– Одоби қазои ҳоҷатро тезтар ва дурусттар меомӯзад;

– Кӯдакон дар ин синну сол барои омӯзиш мароқи зиёд пайдо мекунанд ва аз ин рӯ доир ба кайфияти ашё ва ҳодисоти муҳит зиёд суол мекунанд. Мураббии боғча метавонад ба суолҳои ӯ посухҳои дуруст диҳад ва ҳамин тавр қобилияти омӯзишашро боз ҳам қавитар кунад;

– Имкон барои бозӣ кардан бо бозичаҳои зиёду гуногун ва бунёди робитаҳои навбанав ҳамроҳи кӯдакони дигар пайдо мекунад. Ҳамин тавр раванди иҷтимоишавии кӯдак дар самти мувофиқ инкишоф меёбад;

– Боиси инкишофёбии шахсияти кӯдак мегардад. Бо дигарон тақсим карда тавонистан, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳисси масъулиятдориро меомӯзад;

– Фобияи (тарс) мактабияш коҳиш меёбад. Ба муваққатан аз модар дур мондан одат мекунад ва дар самти мустақил амал карда тавонистан моилтар мегардад.


Раванди иҷтимоишавии кӯдак

Агар кӯдак дӯстони хаёлӣ дошта бошад

Рушди равонии кӯдак: одоби қазои ҳоҷат

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s