То чӣ андоза дилбастаи мақсуд ҳастем?

Калиди дилҳо “хислати нарм” ва “баёни нек” аст. Бо дуруштӣ ва хушунат дили одамонро фатҳ кардан муҳол аст; баръакс, онҳоро бо ин услуби дағал ба подаву рама табдил медиҳед. Мояи ифтихори башарият (с.а.в.) маҳз бинобар хислати нарм, нозукият, зарофат, назоҳат ва назокати хеш “Султони қалбҳо” гаштаанд. Дар навбати худ дилҳо бинобар самимияту нозукияти асили Ӯ (с.а.в.) ба рӯяш дарҳои худро ихтиёрӣ боз карданд. Табиат ва фитрати Расули акрам (с.а.в.) ба ин фатҳи бузург мусоид буд. Офаридгори Азза ва Ҷалла амонаташаро ба Муҳаммад-ул-Амин (с.а.в.) супурда, ҳамин тавр бо вазифаи ҳаётитарини рӯйи олам муваззаф намуд. Ва бешак, танҳо Ӯ (с.а.в.) лоиқ ва сазовори адо намудани бори гарони нубувват буд.

Бинобар таълим ва тарбияи дар заминаи фарҳангиямон гирифта ва муҳити осудаи нашъатёфта, ки ҳамагон барои лоиқи уммати Ӯ (с.а.в.) будан ҷаҳд мекунанд, афсӯс, маърифатамон доир ба роҳу равиши таблиғ, ҳаёт ва суннати Фахри коинот (с.а.в.) то ҳол хому коста аст. Вале новобаста ба ин шукргузорем, ки ҳамин қадар ҳам бошад, аз Ӯ дар ғафлат умр ба сар намебарем. Агар ҳидоят ва усули таълими Фариди кавну замон (с.а.в.) намешуд, кӣ медонад, ки ҳоло гирифтори чӣ балову касофатиҳо будем. Мо доим ба ҳар ҳоли атошудаи Офаридгор шукргузорӣ мекунем. Оё нисбати ҳамаи ин неъматҳои атошуда танҳо бо забон адои ҳамду сано кардан басанда аст? Оё басанда аст барои нафаре, ки ҳар шаб бо шиками сер, саломатии барҷо, соҳиби дару хона танҳо “шукргузорам!” гӯён, дар рахти хобаш бароҳат бихобад? Фарди оқили ҷомеа худ қазоват кунад.

Пас, агар мутмаин бошед, ки саволҳои мазкур бояд посухҳои аниқу дақиқ пайдо кунанд, ҳалли масъаларо аз баланд бардоштани маърифати хеш оғоз намоед. Қабл аз табобати бемор, табиб бояд беморро ташхис кунад. Ташхиси аниқу дақиқ нисфи шифо аст. Ҳамин тавр ҳар як фарди уммат, оне, ки иддао дорад ӯ содиқи роҳи Ҳақ асту долбастаи Расули акрам (с.а.в.) мебошад, сараввал бояд “беморӣ”-яшро ташхис намояд. Заъфу костагиҳояшро муайян намуда, барои “табобат”-и онҳо ҷаҳд кунад. Тарзи ҳаёти хешро бо меъёрҳои заррини Китоб ва суннат санҷад ва бинад, ки то чӣ андоза содиқ ва дилбастаи мақсуд аст.

Касби хислати нарм ва баёни накӯ бояд аввалин сифатҳое бошанд, ки бинобар ахлоқи набавӣ, ҳар фарди уммат дар худ тарбия диҳад. Бешубҳа, роҳи таблиғ ва тамсили мақбул аз ин нуқта оғоз меёбад.

Муваффақ бошед!


Шарм дор ва носипос нашав!

Бузургони олами маънавиёт: Робияи Адавия

Дили мӯъмин ва “рӯзи ҳисоб”

 

One Comment Add yours

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s