Муваффақият ва ор (1)

Муваффақ шуданро ҳар яки мо мехоҳем, вале барои он на ҳама фурсатро истифода мебарем. Агар баъзан фурсатҳои пайдошударо аз рӯи беаҳамиятӣ аз даст диҳем, гоҳи дигар дониста аз истифодаашон даст мекашем. Ҳолати дуюмро дар ҷомеаи мо бештар бо ибораҳои “ор кардан” ва ё “(касеро) номус бурдан” ифода мекунанд. Масалан, агар нафаре кореро барои худ муносиб надида, аз иҷрои он худдорӣ кунад, мегӯянд: “ор кард!” Яъне нахост он корро иҷро кунад, зеро онро ба шаъни худ мувофиқ наҳисобид… Мутаассифона, ҳамин “ор кардан” бештари маврид дари муваффақияту комёбиро ба рӯи мо мебандад.

Ин ҳолат шояд ба ҷавонон зиёдтар рух диҳад. Чанд вақт пеш ба идораи нашрия се донишҷӯ бо нияти кор кардан омаданд. Вақте аз эшон пурсидем, ки оё дар риштаи журналистӣ таҳсил мекунанд гуфтанд, ки не. Ҳарчанд маҳорати навиштан ва эҷод кардан танҳо ба хатмкардаҳои риштаҳои журналистӣ хос нест. Маълум шуд, ки ду нафарашон дар риштаи омӯзгорӣ таҳсил доранд ва акнун курси якумро тамом кардаанд. Як нафари дигарашон барномасоз будааст. Чун гуфтем, дар идора танҳо ба навиштаи навқаламон аҳамаият дода мешавад, зеро ба барномасозу мутахассиси дигар зарурат надорем ва агар шумо мақола ё лавҳае дошта бошед, марҳамат, пешниҳод кунед, нашр мекунем.

Ҷавонҳои омада зимнан изҳор доштанд, ки навиштанро чандон балад нестанд ва мехоҳанд барояшон коре бошад, ки муздаш харҷҳои онҳоро пӯшонад. Яке аз ҳамкорон ба омадаҳо гуфт, гумон намекунем, ки шумо хостаҳоятонро ба ин тарз амалӣ созед. Оё беҳтар нест, ки бо тиҷорат машғул шавед ва ё ба ягон кори дигари ба он монанд, ки бо ин роҳ харҷҳоятонро беҳтар мепӯшонед? Дар чеҳраи ҳар се ҷавон табассум моил шуд ва гапи нӯги забонашон бударо аввал гуфтан нахостанд. Сипас, изҳор доштанд, ки бо тиҷорат ё ягон кори дигар машғул шудан шояд, аммо намехоҳанд, ки касе онҳоро бо ангушт ишора карда гӯяд, ки фалонӣ дар кадом анбор ё бозор боркашонӣ мекунад ва ё фурӯшанда шуддааст… Ба ибораи дигар онҳо аз иҷрои корҳои гуногун ор доштанд. Барояшон лозим буд, ки ҷое кор карда маблағ ба даст оваранд, вале он кор набояд пеши назари умум бошад, то мабодо касе аз шиносҳояшон оноҳоро бубинад…

(давом дорад)


Изтироби файзбахш

Дар интихоб мустақил бошед!

Сермутолиа ва огоҳ бошем!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s