5 хислати волидон, ки кӯдакро хасис ба воя мерасонад

Мо – волидон баъзан кӯдаконро “Барои чӣ ту ин қадар хасис ҳастӣ?”, “Нимашро ба ӯ диҳӣ, чӣ мешавад?” гӯён суол мекунем. Дар асл посухи ин суолҳо дар рафтори худи мо – падар ва модари кӯдак нуҳуфта аст:

1. Барои ин ки дар кӯдак ҳисси саховатмандӣ тарбия ёбад, ӯро маҷбур мекунанд, ки бозичаҳои худро бо дигарон тақсим кунад. Вале чунин фишор баръакс кӯдакро водор мекунад, ки “дороии худро аз душманони ӯро дар муҳосирагирифта” ҳимоя кунад.Аз ин рӯ:
– То 4-солагӣ аз кӯдак саховатмандиро талаб накунед. Зеро барои дарки ин амал, ӯ ҳоло хеле хурд аст;
– Барои бо дигарон тақсим кардани бозичаҳои дӯстдоштааш ӯро маҷбур накунед;
– Фарзандро маҷбур накунед, ки нисбати кӯдаки ба ӯ нофорам изҳори саховатмандӣ кунад.

2. Баъзан дилбастагии кӯдакро нисбати ин ё он ашё ба назар намегирем. Агар ба ӯ дар косаи дӯстдоштаи сабзрангаш хӯрок надиҳед, минбаъд нисбати он косачааш боэътино рафтор намуда, кӯшиш мекунад, ки онро бо касе тақсим накунад. Аз ин рӯ:
– Барои аз ошхона ёфтани косаи сабзранги ӯ танбалӣ накунед;
– Дигарон косаи сабзранги ӯро истифода накунанд;
– Фаромӯш набояд кард, ки кӯдакон ашёи махсуси худро доранд.

3. Кӯдак бояд бо ҳамсолони худ дар робитаи доимӣ бошад. Вагарна барои чӣ бо дигарон дороии худро тақсим кунад. Ҳамин тавр:
– Агар кӯдак ба боғчаи кӯдакона равад, мушкилӣ пайдо намешавад;
– Агар кӯдак ба боғчаи кӯдакона наравад, ӯро зарур аст, ки дар маҳалла бо ҳамсолонаш дар робита қарор бидиҳед.

4. Волидон намедонанд, ки кадом ашё ё либос барои кӯдак писанд аст. Аз ин ҷост, ки либоси кӯдакро бе иҷозати ӯ ба дигарон медиҳанд. Ба назари кӯдак чунин вонамуд мешавад, ки либосҳо аз они ӯ нест ва шадидан дороии худро дифоъ мекунад. Пас:
– Ашёи кӯдакро ба дигарон пинҳонӣ надиҳед. Ҳамеша бо ӯ машварат карда, барои ҷавоби рад гирифтан ҳам омода бошед;
– Ба кӯдак дар бораи шахсони мӯҳтоҷ ба он ашё ва бузургии кӯмакрасонӣ нақл кунед.

5. Дар хона бояд ҷои махсус барои нигоҳдории бозичаҳои кӯдак мавҷуд бошад. Ин як утоқи алоҳида ё ҷевони махсус буда метавонад. Дар акси ҳол, ӯ онҳоро пинҳон карда, доим дар ташвиш мешавад. Аз ин рӯ:
– Агар як гӯшаи хонаро барои бозичаҳои фарзанд ҷудо кардед, то худаш хоҳиш накунад, ҷояшро тағйир надиҳед;
– Агар дар фазои шахсии фарзанд чизе нодуруст гузошта шуда бошад, дарҳол онро бартараф накарда, ҳалли ин масъаларо ба ӯҳдаи худи ӯ вогузоред.

–таҳияи Саид Муъмин


Аҳамияти боғчаи кӯдакона дар инкишофи кӯдак

Нақши бобо ва бибӣ дар раванди инкишофи шахсияти кӯдак

Барои тарбияи солими кӯдак хоҳишманд бошед!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s