Муваффақият ва ор (2)

Албатта, на ҳама ҷавонон чунин андеша доранд. Онҳое ҳам кам нестанд, ки барояшон фарқ надорад, ки кӣ чӣ мегӯяд, муҳим ин ки кор ҳал шавад, муҳим, ки ниёзаш бароварда шавад. Хушбахтона, ин зумра ҷавонон ҳам ҳастанд.

Зимнан, ҳар яки мо медонем ва шиносу рафиқоне дорем, ки дар хориҷ таҳсил ё кор мекунанд. Масалан, онҳое, ки дар ИМА таҳсил мекунанд, дар баробари таҳсилашон боз вақт ёфта дар ҷое кор мекунанд, то ҳақмузд гиранд ва рӯзгорашон беҳтар шавад. Чӣ фарқ дорад, ки он кор аз коса шустан дар тарабхонае иборат аст ё аз пешхизмат шудан дар ошхонае? Муҳим, ки дар вақти иловагӣ иҷро шавад, ба таҳсил халал нарасонад ва даромад дошта бошад. Донишҷӯёне, ки дар Федератсияи Русия ё кишварҳои дигар таҳсил мекунанд, низ аз ин роҳҳои кор истифода мебаранд.

Дар чунин ҳолат ба назари мо меъёр набояд “ор кардан” бошад. Меъёр бояд он бошад, ки кор кори машруъ аст, яъне ғайриқонунӣ нест ва подошаш ҳалол аст. Яъне шахс, ҷавон на бо роҳи ғайр, балки сирф бо меҳнати ҳалол рӯзгорашро таъмин кардааст. Ва оне, ки ба инчунин корҳо (машғулиятҳое, ки барояш ғайриихтисосианд…) машғул мешавад, “беор” нест, балки ӯ бо меҳнати худ рӯзиашро таъмин мекунад.

Ҳоло ки фасли тобистон аст ва айёми таътил, ҷавонони зиёде мехоҳанд ба ягон шуғле андармон бошанд, то ҳадди ақал барои таъмини худ давоми як-ду моҳе, ки дар ихтиёр доранд, маблағ ёбанд, то барои хонаводаашон сарборӣ нашаванд. Барои ин зумра ҷавонон меъёр бояд ҳамоне бошад, ки болотар зикр шуд. Вагарна ор доштан ва андеша кардан, ки ин ё он кор ба шаъни ман мувофиқ нест, шояд моро рӯзҳову ҳафтаҳо ба ҷустуҷӯи кори муносиб сарсон кунад ва айёми тобистонро, ки ғанимат аст, аз даст диҳем.

Пас, биёед ба пеш, ба сӯи мақсад ва муваффақият ҳаракат кунем!!!

– Башир Усмон, ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”


Тафаккур ва аҳамияти таҷдиди назар кардан

Озод аз рукуди зеҳнӣ бошед!

Бо коре машғул бошед, ки бароятон дилписанд аст!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s