Аз фарбеҳӣ озод бош!

Ҳоло дар фасли тобистон қарор дорем. Нафароне, ки акнун мехоҳанд соҳиби андоми зебо бошанд, барои рафъи чарбу ва вазни зиёдатӣ рӯ ба ҷусутҷӯ овардаанд. Мутахассисони соҳа бештар истеъмоли маҳсулотеро, ки мувозинати организмро халалдор намекунанд ва гардиши моддаҳоро тезонида вазни зиёдатиро рафъ мекунанд, тавсия медиҳанд. Пас, ин ғизоҳо кадомҳоянд ва чӣ гуна онҳоро истеъмол бояд кард?

Аз сиркои себӣ истифода баред

Сиркои себӣ гардиши моддаҳоро дар орнаизм (метаболизм) суръат мебахшад. Сиркои себиро дар хӯришҳои худ ҳар қадаре хоҳед истифода баред. Ҳар рӯз ҳадди ақал дар як хӯрок илова кардани ин маҳсулот ба нобуд шудани чарбуҳои даври қамар мусоидат мекунад. Вале дар интихоби сиркои себӣ боэҳтиёт бошед. Ҳамонеро интихоб намоед, ки ҳар чӣ бештар аз моддаҳои зиёди химиёвӣ озод аст.

Чойи кабуд душмани фарбеҳист

Чойи кабуд бо хосияти антиоксидантиаш хеле маъруф аст. Рӯзона нӯшидани 2 пиёла чойи кабуди бешакар ба нобудшавии чарбу ва ҳам барои тезонидани гардиши моддаҳо мусоидат мекунад. Дар таркиби чойи кабуд витамину минералҳои зидди ҳуҷайраҳои саратонзо мавҷуданд.

Занҷабил мувозинати вазнро нигоҳ медорад

Омехтаи занҷабил ва лимон дар шакли чой ё илова кардани он дар хӯрокҳо гардиши моддаҳоро тезонида, инчунин ба нобудшавии чарбу мусоидат мекунад. Занҷабил аз ҷумла сатҳи холестеролро паст карда, баландашавии қанди хун ва зиёд шудани вазнро пешгирӣ мекунад.

Қулфинай хӯрда аз чарбуҳо наҷот ёбед

Қувваи ғизоии қулфинай хеле паст аст, вале чарбуро зуд нобуд мекунад. Нахӣ ва антиоксидантҳо дар таркибаш зиёд аст.

Бодом зидди чарбуҳои ноҳияи шикам

Дар таркиби мағзи бодом қариб тамоми минералу витаминоҳои барои ҳифзи саломатӣ зарур мавҷуданд. Дар натиҷаи таҳқиқот маълум шуд, онҳое, ки давоми рӯз бодом истеъмол мекунанд, ҳоҷат ба истеъмоли маҳсулоти қаннодӣ ва хамирӣ камтар пайдо мекунанд. Дар навбати худ чунин ҳолат барои харобшавӣ мусоидат мекунад. Рӯзона истеъмоли як қабза бодом метавонад чарбуҳои қисмати шикамро нобуд созад.

Ҷаъфарӣ омосро баратарф мекунад

Ҷаъфарӣ обҳои зиёдатиро аз бадан берун бароварда, хосияти бартарафкунии варамҳоро дорад. Дар нобудсозии чарбу низ кӯмак мекунад.

Лимонро сарфи назар накунед

Лимон аз витамини С хеле бой аст. Онро дар тамоми хӯроку хӯришҳо метавон истифода бурд. Субҳи худро бо нӯшидани як пиёла омехтаи лимону об оғоз кунед. Ба туфайли витамини С гардиши моддаҳо муътадил гардида, боиси нобуд шудани чарбу ва вазни зиёдатӣ мегардад.

–таҳияи Достиев Неъмат


Нафаскашии дуруст ҳам гарави саломатӣ аст

Меваи аз 21 элементи фоидабахш ғанӣ

Ғизоҳои фоиданок барои узвҳои бадан

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s