Агар кӯдак ба боғчаи кӯдакона намерафта бошад

Агар кӯдак барои донишомӯзӣ ба муассисаи томактабӣ намерафта бошад, волидайн ӯро бояд дар муҳит ва имкониятҳои хонагӣ таълиму тарбияи мувофиқ диҳанд. Ва яке аз ҷиҳатҳои муҳими ин талабот касб кардани малакаи иҷтимоишавии фарзанд аст. Аз ин рӯ барои бозӣ кардан ва муоширати солим барпо намудани кӯдак ҳатман ба хона ҳамсолонашро даъват намоед. Ӯро зуд-зуд ба маконҳои махсус барои бозӣ кардани кӯдак, ҳамчун боғҳои ҷамъиятиву тафреҳӣ ва боғи ҳайвонот баред. 

Ҳамчунин, агар имкон бошад, ҳар гоҳе барои бозорӣ кардан ба берун мебароед, кӯдакро ҳамроҳи худ ба мағоза, бозор ва ғайра маконҳои серодам гиред. Ҳатто имкони интихоб карда харидани лавозимоти барои худаш аввалиндараҷаро фароҳам созед. Бигзор, собун, коғази ташноб, дандоншӯяк ва ғайра маводи тозагиро мустақилона, вале зери назорати шумо, интихоб намояд. Ҳамин тавр ӯ аз лавозимоти харидааш бо завқ истифода мекунад. Азбаски кӯдак ҳам узви ҷомеа аст, ӯ бояд ҳамчун фарди он аз додугирифти ҳамарӯза қадам ба қадам огоҳ гардад. Муҳити хонавода бояд кӯдакро асосҳои аввалиндараҷаи иҷтимоишавӣ ва таълиму тарбияомӯзие, ки дар боғчаи кӯдакона омӯзонида мешаванд, дода тавонад.

Яке аз ҷиҳатҳо имуҳими чунин таълим омӯзиши рангҳо, таносуби ашё, рақамҳои аз 1 то 10, шинохти ҳарфҳо, номҳои ҳайвонот, баъзе номҳои ҷуғрофӣ, маълумоти мухтасар оид ба коинот, саломатии инсон, узвҳои дохиливу берунаи организм ва ғайра маълумоти лозима мебошад. Илова ба ин, қабл аз он ки кӯдак ба муассисаи таълимии мактабӣ равад, ӯ бояд аллакай одоби қазои ҳоҷат, асосҳои тозагӣ ва мустақилона ба ҷой овардани якқатор амалҳоро омӯзад. Кӯдак аллакай дар синну соли мактабӣ бояд мустақилона либосашро пӯшидаву кашида тавонад; ҳар вақте аз бинияш об меояд, тоза кунад; одати доимии дандоншӯиро касб намояд.

Ҳамчунин то ин замон барои кӯдак аз худ кардани малакҳои ҷисмонӣ низ муҳим аст. Аз ин қабил: болои як пояш озодона истода тавонистан, бо як пояш парида ба пеш ҳаракат карда тавонистан, тӯбро ба касе дуруст партофта ва боз онро дошта тавонистан, дар арғунчак мустақилона паридан, дар бозиҳои даставӣ боинтизом ва дақиқ бозӣ карда тавонистан.


Аҳамияти боғчаи кӯдакона дар инкишофи кӯдак

Кӯдак аз чандсолагӣ бояд ба кӯдакистон равад?

Модари коргар ва тарбияи фарзанд

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s