Истеъмоли ғизоҳои бой аз ғоз остеоартритро пешгирӣ мекунад

Олимони амрикоӣ ва британӣ дар натиҷаи як тадқиқот робита миёни парҳез бо ғизоҳои бой аз ғоз (моддаи пардаи ҳуҷайраи растаниҳо) ва хуруҷи бемории остеоартритро муайян намуданд. Омӯзишро мутахассисон аз Донишгоҳи Манчестер ва Донишгоҳи Тафтсаи Бостон (иёлоти Массачусетс) ба анҷом расониданд. Дар рафти озмоиш беш аз 6 ҳазор нафар ҷалб гардида шудаанд. Аз оғози омӯзиш олимон тавассути пурсиш миқдори рӯзонаи истеъмоли ғизоҳои бой аз ғозро миёни иштирокчиён муайян карданд. Онҳо инчунин ташхиси рентгенографӣ ва муайянсозии аломатҳои бемории артрозро –муоинаи аломатҳои мавҷуда, аз ҷумла дард ва варами зону– гузарониданд. Мушаххас карда шуд, ки гурӯҳи аввали иштирокчиён давоми 9 сол ҳамарӯза 19 гр, гурӯҳи дуюм бошад 15 гр ғоз истеъмол кардаанд.

Натиҷаҳо муайян карданд, ки истеъмоли фаровони ғизоҳои бой аз ғоз метавонад хуруҷи бемориҳои буғумро пешгирӣ кунад. Гурӯҳи одамоне, ки ҳамарӯза 19 гр ғоз истеъмол мекарданд, хатари хуруҷи бемории остеоартрит 60%, дар гурӯҳи дуюм, ки миқдори истеъмолкардаашон 15 гр ташкил медод, танҳо 30% коҳиш ёфтааст.

Жаоли Дай, доктори маркази тадқиқотӣ оид ба тағзия дар Донишгоҳи Тафтса афзудааст: “Остеоартрит яке аз роиҷтарин навъи артрит ба шумор рафта, ҳамасола миллионҳо нафарро таҳти таъсир қарор медиҳад. Тибқи нишондодҳои мо тақрибан 10% мардон ва 18% занони синни 60сола аз ин беморӣ ранҷ мебаранд. Омӯзиши мо барои исботи он, ки парҳез бо ғизоҳои бой аз ғоз метавонад хуруҷи бемории остеоартрити буғуми зонуро коҳиш диҳад, равона шуда буд. Натиҷаҳо нишон доданд, ки истеъмоли зиёди ғоз дар маҷмӯ дарди зонуро хеле коҳиш дода, ҳатто метавонад онро пешгирӣ кунад”.

Ҳамчунин муайян карда шуд, ки истеъмоли ғизоҳои ғанӣ аз ғоз барои харобшавӣ мусоидат карда, сатҳи холестеринро дар хун паст мекунад. Аз ин рӯ олимон дар ғизои ҳамарӯза илова намудани лӯбиё, биринҷи қаҳваранг, чормағз, пекан, бодом, буттамеваҳо, сабӯс ва ҳуртумонро тавсия медиҳанд.

–таҳияи Достиев Неъмат


Аз фарбеҳӣ озод бош!

Ғизоҳои фоиданок барои узвҳои бадан

Сабабҳои сардарди субҳгоҳӣ

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s