Аз “ман” то “мо”

Вақте шумо пешбаред, вазифаи шумо дигаронро илҳом бахшидан ва ба сӯи пешравӣ роҳнамоӣ карда, бо кӯмаки онҳо чизеро дар самти созандагӣ иваз намудан аст. Шумо бояд ба дарки ин бирасед, ки пешбарӣ дар ҳамбастагӣ ба атрофиён кӯмак расонидан аст.

– Ҷейми Айрик, “General Electric”


Таърихи башарият аз мисолҳои нафароне, ки замоне бадбахтиву нобасомонӣ доим думболгирашон буд, вале баъдан нури муваффақият онҳоро иҳота кард, зиёд мебошад. Бахусус, агар китобу адабиёти марбутаро варақ занед, худ низ шоҳиди он мегардед, ки чӣ гуна нафарони зиёд бо ирода ва ҳамбастгии атрофиён ба соҳили саломат расида, ба лидерон ё ба қавли тоҷикона ба пешбарони ҳақиқӣ табдил ёфтаанд. Ва яке аз нозукиятҳои аслӣ дар роҳи пешбаргардӣ барои дигарон шахсияти илҳомбахш будан аст. Аксари нафароне, ки башарият онҳоро ҳамчун пешбар пиндоштаанд, бо ҳоли хеш иброз медоранд: “Пешбарӣ муваффақияти шахсии мо нест, балки муваффақияти онҳое мебошад, ки онҳоро илҳом бахшидаем”. Яъне пешбар худ аз худ пайдо намешавад, балки онро муҳит тарбия медиҳад. Ва ин бе яке ва дигарӣ бе ин вуҷуд дошта наметавонанд.

Нависанда Пауло Коэло дар яке аз асарҳои бестселлераш “Алхимик” дар бораи ҷавони чӯпоне бо номи Сантияго ҳикоят мекунад, ки барои пайдо кардани хазинаи бузург ба биёбон сафар мекунад. Сантияго баъд аз анҷоми сафарҳои тӯлонӣ ва паси сар намудани мушкилиҳои зиёд ба мақсудаш мерасад, вале на оне, ки интизораш буд, балки беҳтар аз он. Дар асл мо низ ба мисли Сантияго дар такопӯйи ба даст овардани хазина ҳастем, барои пайдо кардани маъно дар ҳаёт дар биёбону мушкилиҳои шахсиямон овораем. Ҷустуҷӯи ин навъ хазинаҳо метавонад моддӣ бошад, ё метавонад маънавӣ бошад, новобаста ба ин мақсуд иваз намеёбад. Ва дар рафти ин моҷаро мо худро ҳамчун қаҳрамоне тахайюл мекунем, ки метавонад бо як орзу ва иродаи қавӣ маҷрои дунёро иваз намуда, онро ба сӯи созандагӣ роҳнамо шавад. Чунин хоҳиш фитрӣ аст, зеро одамӣ то замоне ки фаъол аст, зинда мемонад!

Нишона аз фаъолияти фард пешравиҳои ӯ дар ҷодаи илмомӯзӣ, дастовардҳои варзишӣ, муносибати ӯ бо дигар афроди ҷомеа ва муваффақияти касбӣ барин рушди малакҳои шахсӣ мебошанд. Ва пешбари ҳақиқӣ дар ин раванд қадам ба қадам аз худ дарак дода, рӯзе ҷомеа ӯро мепазирад. Пешбари ҳақиқӣ ҳеҷ гоҳ иддао намекунад, ки ӯ пешбар аст. Инро танҳо натиҷаи амалҳои чунин нафар исбот карда метавонанд. Пешбар аз саҳмгузории индивидуалӣ ба нақши роҳбарӣ гузашт намуда, ба дарки он мерасад, ки яке аз хусусиятҳои ин мақом малакаи аз паси худ бурда тавонистани афроди ҷомеа мебошад. Вале, агар шумо малакаи роҳбариятонро танҳо бо истеъдоди амру фармондиҳӣ маҳдуд кунед, пас рӯзе ҳатман шикаст мехӯред.

Ҳамчунин дар ин роҳ то қоим гардидани раванди тафаккури шахсӣ ва усутувор шудани арзишҳои моддӣ-маънавӣ, дар пешбар калавишҳои фикриву ахлоқӣ ба миён меоянд. Аз ин рӯ муҳим аст, ки дар аввали роҳ меъёрҳои ахлоқиву фикрӣ болои арзишҳои маънавӣ ва умумибашарӣ бунёд гарданд. Зеро дар ҳар пешбар майл барои гузаронидани хоҳишу дархсоти худӣ мавҷуд аст. Яъне дар аввали роҳ барои ӯ хоҳишҳои нафсонӣ метавонанд болотар аз манфиати умумӣ нақш бозанд ва ё баръакс, дар охири роҳ масту махмури қудрату салтанат шуда, лаҷоми одамгариро бакуллӣ аз даст бидиҳад. Дар ҳар ду ҳолат холигии арзишҳои маънавӣ ва умумибашарӣ аз худ дарак дода, гувоҳи он мегарданд, ки чунин нафари лидертарош аз аввали кор варотар аз доираи нафсонӣ-шаҳвонияш орзуе беш надоштааст.

Аз ин рӯ, барои он ки ҳамчун пешбар фирефтаи вартаи хоҳишҳои нафсонӣ нагардед, низоми машварат бо афроди салоҳиятдор ва маслиҳатпурсиро аз аҳли кор дар аввали роҳ қабул намуда, то ба охири ҷода ин низомро пайгирӣ намоед. Муҳити худро бо афроди мусбат ва орӣ аз одатҳои “токсикӣ” иҳота намоед. Зеро дар якҷоягӣ бо муҳит, атрофиён, афроди оила, ҳамкорону ҳаммаслакон ва худи ҷомеа, шумо як “шахси маънвии том”-ро ба вуҷуд меоред, ки ҳамин тавр аз доираи танги “ман” ба давраи пурбаракати “мо” гузашт мекунед. Ин навъ гузашт ба дигаргунии созанда омил ва асоси муваффақият ва ташаккули шахсияти пешбари ҳақиқӣ хоҳад шуд.

Муваффақ бошед!


Ҳамоне бош ё бош, ки ҳамонӣ!

Муваффақият ва ор

4 қоидаи лидери муваффақ

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s