Хурроккашӣ бесабаб нест

Аксар нафарон ҳангоми хоб кардан аз душвориҳои хурроккашӣ, газидан ва диққи нафас шудан, азоб мекашанд. Аммо бисёриҳо бехабаранд, ки сабаби чунин мушкилӣ номутаносиб будани ҷоғ бо коми даҳон мебошад.

Табибон қайд мекунанд, ки сабаби сар задани чунин нороҳатиҳо, нисбатан калон ва ё хурд будани ҷоғ аст. Мушкилии нафароне, ки ҷоғи хурд доранд, тавассути сӯзандоруи равғандор ва қолаб табобат шуда, бе ҷарроҳӣ ҳали худро пайдо карда метавонад. Танҳо, агар ҷоғ таввасути сӯзандору ва ё қолаб васеъ нагардад, пас ба он протез мечаспонанд. Дар баъзе ҳолатҳо, як қисми ҷоғ бурида шуда, ба қисмати пеш пайванд карда мешавад.

Аксар вақт хурроккашӣ ва беихтиёр газидан бошад, бо сабаби калон будани ҷоғ ба миён меояд. Тариқи гузаронидани ҷароҳати мувофиқ ҷоғро хурд кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, ҳар кӣ вақти хоб кардан аз ҳад зиёд хуррок мекашад, беихтиёр мегазад ва ё диққи нафас мешавад, ҳатман бо табиб машварат намуда, табобати лозимаро ба роҳ монад.

Саломат бошед!

– таҳияи Махсумова Манижа


Истеъмоли ғизоҳои бой аз ғоз остеоартритро пешгирӣ мекунад

Сабабҳои сардарди субҳгоҳӣ

Нафаскашии дуруст ҳам гарави саломатӣ аст

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s