Туркия тобеътарин кишвар ба смартфон аст

Телефонҳои мобилӣ торафт ҷузъи ҷудонашавандаи башарият гашта, зарарашро низ аз он дареғ намедоранд. Зарари он ба организми одам ҷиддӣ буда, хусусан чашм ва гардан осеби зиёд мебинанд. Қурбони он танҳо як фард набуда, балки ҷомеа низ зери таъсири манфии телефонҳо қарор дорад. Чунон ки ҳангоми сарҷамъ шудани оила, аъзоёни он бо телефон машғуланд ва ҷаъомаду маҷлисҳои дӯстону рафиқон зери ҳокимияти ҷиҳозҳои электронӣ мегузаранд. Оё инсон соҳиби ҷиҳози электронӣ аст ва ё ҷиҳози электрони инсонро соҳиб гаштааст, маълум нест?!

Аз падару модар ҳам муҳимтар!

Донишгоҳи Вуртсбурги Олмон ва Донишгоҳи Ноттингем Тренти Англия дар ҳамроҳӣ бо ширкати “Касперский Лэб” тадқиқоте мегузаронанд, ки бинобар он маълум гашт 37,4% озмоишшудагон телефонҳои мобилияшонро баробари дӯстонашон ва ё аз онҳо волотар меҳисобанд. Аз ҳама аҷибаш дар натиҷаи пурсиш маълум гашт, ки 29% иштирокчиён телефонро аз падару модар, 17% аз ҳамсар ва 1% аз ҳама чиз муҳимтар ҳисобидааст.

Туркия – тобеътарин давлат ба смартфон

Бинобар натиҷаи тадқиқоти истифодабарандагони мобилии глобалии ширкати байналмилалии машваратии “Делоит”, Туркия аз байни 39 давлате, ки бештар ба смартфонҳо вобастагӣ доранд, дар ҷойи аввал қарор дорад. Аз ин лиҳоз ҳар дуюмин шаҳрванди кишвар истифодабарандаи смартфон мебошад. Қайд карда мешавад, ки 71%-и туркони ба ҷиҳози электронияш тобеъ ҳар 15 дақиқа телефонашро тафтиш мекунад. Илова бар ин аз ҳар 10 нафар 7 нафараш дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва 5 нафараш ҳангоми тамошои телевизор мунтазам аз смартфон истифода мебаранд. 49%-и истифодабарандагони турк бо смартфон ҳамарӯза акс мегиранд ва аз ин 53% ба таври ҳатмӣ аксҳои гирифтаро дар сомонаҳои гуногуни иҷтимоӣ нашр мекунанд.

Дар Туркия истифодабарандагони смартфонҳо ба “гурӯҳи зуд телефонивазкунанда” дохил мешаванд. Ҳамин аст, ки 80%-и онҳо ҳар 36 моҳ ҳатто аз он камтар телефон иваз мекунанд, Ҳарчанд онҳо интернетро зуд-зуд истифода мебаранд, вале танҳо 16%-аш аз интернет ба таври фаъол харидорӣ менамояд. Ба ғайр аз ин, 35%-и он баъд аз соҳиби телефони нав гаштан, кӯҳнаашро ба касе медиҳад ва ё мефурӯшад.

Дар радабандии мазкур баъд аз Туркия, Бразилия, Индонезия ва Мексика қарор доранд. Кишварҳои мутараққӣ ба мисли Англия, Олмон ва Фаронса бошанд дар масоили истифдабарии смартфонҳо ва ба онҳо тобеъият пайдо кардан ҷойҳои охиронро ошғол кардаанд.

–таҳияи Махсумова Манижа


Хатари муҳити элктронӣ ба саломатии кӯдакон

Нури экран ва майнаи сари инсон

Телевизор – аждаҳое, ки вақти моро мехӯрад!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s