Хосияти шифобахши тамашк

Тамашк (малина) аз оилаи буттамеваҳо буда, дорои хосиятҳои зиёди шифоӣ мебошад. Аз ҷумла саломатии дилро қавӣ гардонида, барои харобшавӣ кӯмак мекунад ва бахусус барои ҳомиладорон меваи зарурист.

Таркиби тамашк аз нахҳои растании ғизоӣ, аз ҷумла ғози ҳазмнашаванда, микроэлементҳои магний, калий, витамини С, А, витаминҳои гурӯҳи В хеле бой аст. Ин буттамева хусусияти аспиринмонанд дошта, хунро тунук мекунад ва қобилияти зиддиилтиҳобӣ ва табшиканиро низ доро аст. Аз ин рӯ чой ё шарбати тамашк махсусан барои одамон бо хатари тромбоз, бемориҳои илтиҳоби буғуму рагҳо, гулӯдард (ангина), уфунати шадиди вирусии респираторӣ бо таби баланд (ОРВИ) чораи хеле муносиб аст.

Тамашк саломатии қалбро қавӣ мекунад

Бинобар омӯзише, ки дар маҷаллаи “The American Journal of Clinical Nutrition” нашр гардидааст, маълум гашт: “Истеъмоли маҳсулоти ғанӣ аз флавоноидҳо, ки тамашк бо онҳо шомил аст, хатари марг бинобар бемории системаи дилу рагро коҳиш медиҳад”. Аэдин Қоссидӣ, профессори “Norwich Medical School” дар Донишгоҳи Англияи шарқӣ низ ба чунин хулоса омадааст. Хонум Қоссидӣ ҳамроҳи “Harvard Public School of Health” давоми 18 сол тадқиқот гузаронида, ба он 93600 зани синну соли аз 25 то 42-сола ҷалб гардидаанд. Дар натиҷа олимон мушаххас кардаанд, ки истеъмоли мунтазами буттамеваи бой аз антосианҳо, ки ин мавод ба флавоноидҳо таалуқ доранд, эҳтимоли ба миён омадани сактаи қалб дар занҳои синну соли миёна то 32% коҳиш меёбад.

Тамашк дорои кислотаи фолий аст

Аҳамияти кислотаи фолий дар организми занҳои ҳомила ва ё занҳое, ки азми ҳомиладор шуданро доранд, хеле бузург аст. Ин мавод рушди солими кӯдакро таъмин намуда, ба миён омадани нуқсҳои модарзодиро пешгирӣ мекунанд. Як косаи тамашк тақрибан ба 14 мкг кислотаи фолий баробар аст.

Тамашк – зидди фарбеҳӣ

Тамашк монанди дигар меваю буттамеваҳо таркибаш аз ғоз бой аст. Ғоз (моддаи пардаи ҳуҷайраи растаниҳо) кори рӯдаро муътадил намуда, масири рӯдаю меъдаро тоза мекунад, холестеринро нобуд карда, сатҳи инсулинро дар хун муътадил месозад. Истеъмоли зиёди он эҳтимоли инкишофи саратони рӯдаро коҳиш медиҳад. Пас аз он ки нахҳои ғизоӣ ба меъда мерасанд, варам оварда ҳаҷмашон калонтар мешавад. Ба туфайли ин хусусияташ ҳисси сершавӣ тез пайдо шуда, муддати тӯлонӣ баданро сер нигоҳ медорад.

–таҳияи Достиев Неъмат


Меъёри кофеин дар нӯшокиҳои гуногун

Аз фарбеҳӣ озод бош!

Истеъмоли ғизоҳои бой аз ғоз остеоартритро пешгирӣ мекунад

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s