Тарбияи ҳисси худбоварӣ дар кӯдак

Тарбия кардани ҳисси худбоварӣ дар кӯдак барои ташаккули шахсияти солими ӯ нақши асосиро мебозад. Онҳое, ки дар худ ҳисси худбовариро тарбия дода натавонистаанд, ҳаргиз эҷодкор, дорои шахсияти созанда ва хушмуомилаву одамдӯст шуда наметавонанд. Аз ин рӯ волидайнро лозим меояд, то ки ба нозукиятҳои зайл аҳамияти ҷиддӣ диҳанд:

– Кӯдак дар муҳити хонаводагӣ ва муассисаи таълимӣ ҳаққи ибрози андеша карданро дошта бошад;

– Кӯдак фикру эҳсосоташро бе мамоният ва фишори муҳит изҳор кунад;

– Ҳар вақте доир ба шахсияти худ ва ё масъалае, ки ба ӯ тааллуқ дораду барояш муҳим аст, нақл мекунад, ӯро бо диққат гӯш карда, бароятон аҳамиятнок буданашро нишон диҳед;

– Гуфтору рафтори хуб ва муваффақияту дастовардҳояшро тасвиб намоед;

– Мувофиқи синну соли кӯдак вазифа ва иҷрои корҳои гуногунро диҳед. Ҳар вақте вазифаҳои додашударо иҷро мекунад, ӯро таҳсин гӯед.

– Берун аз вазифаҳои мактабияш доир ба санъат, таърих, ҷуғрофия ва масоили ватанӣ бо ӯ сӯҳбат кунед;

– Нисбат ба ваҳму тарсе, ки ҳангоми ва ё пеш аз имтиҳонсупорӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва ғайра ҳолатҳо пайдо шуданаш мумкин аст, ӯро дастгирӣ намоед;

– Барои амалу рафторҳои ғайри қобили қабулаш ӯро ҷазо надиҳед;

– Ҳар вақте хато мекунад ё ба корҳои ноҷо даст мезанад, бигзор, хатои кардаашро бо кӯмаки шумо дарк карда, мустақилона барои ислоҳи он ҷаҳд кунад;

– Дар назди дигарон нисбат ба рафтори кӯдак ғазабӣ шуда, ӯро таҳқир накунед;

– Ҳаргиз кӯдакро бо ҳамсолон ва рафиқонаш қиёс накунед. Агар қиёс карданӣ бошед, пас танҳо рафтор, муваффақият ва дастоварди қаблии худи ӯро бо рафтору дастоварди кунунияш қиёс намоед;

– Малака ва қобилияти мавҷудаи кӯдакро кашф карда, барои такмил ва инкишофи онҳо мусоидат намоед;

– Мувофиқи синну соли кӯдак машғулият бо варзиш ва бозиҳои лозима иҷозат диҳед;

– Ҳар чизе, ки барои кӯдак муҳим ва дорои арзиш аст, барои шумо низ муҳим ва арзишманд гардад;

– Кӯдак бояд ҳис кунад, ки ӯ барои оила азиз аст ва ӯро афроди хонавода бисёр дӯст медоранд.


5 хислати волидон, ки кӯдакро хасис ба воя мерасонад

Барои тарбияи солими кӯдак хоҳишманд бошед!

Агар кӯдак ба боғчаи кӯдакона намерафта бошад

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s