Картошка сабзавоти фоидабахш аст

Картошка яке аз серистеъмолтарин сабзавот дар ошхонаҳои мо ба ҳисоб меравад. Дар баробари болаззат ва серистеъмол буданаш маҳсули хеле серғизо аст. Таркиби ин сабзавот аз витаминҳо бой аст. Якчанд хосиятҳои фоидабахши картошкаро, ки дар натиҷаи тадқиқот муйаян шудаанд, пешниҳод мекунем:

Сер нигоҳ медорад

Як картошкаи хурди миёна 110 калория дорад ва дар таркибаш равған надорад. Бино ба омӯзишҳо картошка назар ба дигар ғизоҳои карбогидратӣ баданро бештар сер нигоҳ медорад. Зеро дар таркиби он 2 гр нахӣ ва 3 гр сафеда мавҷуд аст. Тибқи як тадқиқоти дигар картошкаи обпаз миёни ғизоҳое, ки баданро сер нигоҳ медоранд, дар ҷои аввал меистад.

Аз калий бой аст

Дар таркиби як картошкаи миёна 620 миллиграм калий мавҷуд аст. Миқдори калий дар ин сабзавот аз банан дида зиёдтар буда, дар муътадил нигоҳ доштани фишори хун нақши назаррас дорад. Чунки калий таъсири натрийро коҳиш медиҳад. Калий ҳамчунин дар интиқоли сигналҳои асаб нақши хеле муҳим мебозад.

Манбаъи витамини С аст

Баробари зикр кардани овардани витамини С дар ёди мо меваҳои ситрусӣ – лиму ва афлесун меоянд. Вале таркиби картошка низ аз ин витамин ғанӣ аст. Истеъмоли картошка метавонад миқдори рӯзонаи ин витаминро то 45% таъмин намояд. Олимон ба ин назаранд, ки витамини С раванди вайроншавии ҳуҷайраҳоро пешгириӣ карда метавонад.

Сарчашмаи оҳан

Истеъмоли як дона картошка 6% миқдори рӯзонаи оҳани барои организм лоизмаро таъмин мекунад. Оҳан дар интиқоли оксиген ва фаъолияти муътадили ҳуҷайраҳо дар тамоми бадан мусоидат мекунад.

–таҳияи Достиев Неъмат


Истеъмоли ғизоҳои бой аз ғоз остеоартритро пешгирӣ мекунад

Антибиотики табиӣ мақбултар аст!

4 хосияти хатарноки истеъмоли шакар

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s