Бигзор, кӯдак ба полгона барояд!

Падар ва модар аз тани танҳо ба полгона (балкон) баромадани кӯдак андеша мекунанд. Ҳол он ки, агар тадбирҳои лозима гирифта шаванд, ҳам волидайн осуда мегарданд ва ҳам фарзандон дар давоми рӯз ҳавои тоза гирифта, аз дилтангӣ раҳо меёбанд. Аз ин рӯ ба ин тавсияҳо гӯш диҳед:

– То чӣ андоза устувор будани нардаи* полгонаро тафтиш намоед. Агар пояи нарда бо ашёи сохтмонии пастсифат собит шуда бошад, пас он эмин нест. Лозим бошад, барои насби мустаҳками он, тадбирҳои иловагӣ ҷӯед;

– Агар қисми зиёди нардаи полгона аз шиша иборат бошад, ҳатман то чӣ андоза устувор будани онро тафтиш намоед. Мабодо ба шиша такя карда шаваду он шикаста ба замин резад ва кӯдак ҳам аз ин зарар бинад. Ҳангоми сохтмони полгонаи шишагӣ ҳатман аз шишаҳои обутобёфта истифода баред. Агар шиша нозук бошад, пас тадбирҳои иловагӣ гирифта, аз болои шиша бо фосилаи мувофиқ аз чӯб ё оҳан мил насб кунед;

– Ҳангоми насби мил ба инобат гиред, ки фосилаи холигии миёни ду мил аз 15 см нагузарад. То ки кӯдак бо осонӣ аз миёни ду мил сар ё баданашро наандозад. Агар фосилаи милҳои аллакай насбшуда беш аз 15 см бошанд, пас миёни холигиҳоро бо пластики шаффоф ё ба он монанд бо маводи лозима пур кунед. Ҳамчунин бо чӯбҳои дароз ё симҳои мувофиқ дар шакли хатти уфуқӣ милҳоро бо ҳам пайвандед. Ҳангоми насби тадбирҳои иловагӣ ба он диққат диҳед, ки ашёи истифода мебурда босифат ва барои саломатии кӯдак безарар бошанд;

– Бинобар стандартҳои байналмилалӣ, ҳангоми сохтмони бино баландии полгона бояд 92 см-ро ташкил диҳад. Агар полгонаи хонаи шумо аз ин меъёр пасттар бошад, агар лозим бошад, барои он ҳам тадбирҳои иловагиро пеша кунед;

– Дар полгона ё айвон курсӣ, тубакҳои гул ва ҳар ашёе, ки кӯдак метавонад ба болои онҳо баромада, аз сатҳи полгона баланд шуда ба берун афтад, аз нарда дуртар нигоҳ доред;

– Агар нардаи полгонаи хона дар шакли нардбон бошад, барои он низ тадбирҳои иловагӣ ҷӯед, зеро кӯдак милҳои онро бо осонӣ дошта, ба болояш баромада афтиданаш мумкин аст;

– Ҳамчунин барои тадбирҳои иловагӣ гирифтан, шумо метавонед аз тӯрҳои боқуввати пластикӣ ё симтӯрҳо истифода карда, нардаи полгонаро бо онҳо аз чап то рост ва аз боло то поён печонед. Чунин тадбирҳои иловагӣ намуди зоҳирии биноро ҳам вайрон намекунанд.

* нарда – панҷараи оҳанин ё чӯбин, ки гирди боғча ё хона кашида мешавад;


Хатари муҳити элктронӣ ба саломатии кӯдакон

Либос ва саломатии кӯдак

Баъд аз 3-солагӣ аллакай дер мешавад!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s