Ҷавонон ва ҳифзи забон (1)

Дар шароити ҷаҳонишавӣ, агар хоҳанд давлатеро аз байн баранд, аввал забон, баъдан фарҳангашро нест мекунанд.

– аз суханронии Пешвои миллат ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 11 июли соли 2017


Бешубҳа, забон унсури муҳимест, ки дид ва мавқеи инсонро ба ашё ва ҳодисоти атроф муайян мекунад. Забони миллат бояд устувор, тоза ва доим дар густариш бошад, яъне шахшуда не, балки бо истифода аз адабиёт ва осори гузаштагонамон ғанӣ гардонида шавад. Зеро агар забони як миллат ба ҳаде боқувват набошад, ки тавонад, фарҳангашро сарварӣ кунад, пас аз ҷониби фарҳангҳои ғайр ишғол шудани афроди алоҳидае, ки он миллат ва ҷамъиятро ташкил додаанд, ногузир мегардад. Ва бо гузашти вақт онҳо, яъне афроди он ҷамъият махсусияти миллии худро (ва ё худшиносиашонро) аз даст дода, тамоман ба ҷамъиятҳои бегона табдил меёбанд.

Ин дар ҳолест ки инсон тавассути китобҳои хондааш ва донишҳои дар зеҳн ҷой додааш системаи муайяни фикррониро соҳиб мегардад. Онҳое, ки забонҳои хориҷиро (англисӣ, фаронсавӣ, немисӣ, чинӣ ва ғ…) аз худ мекунанд, агар забони модарии худро нағз надонанд, тадриҷан таҳти таъсири ақидаҳое мемонанд, ки аз тариқи воситаҳои хаттӣ ва навории бо ин забонҳо пахшмешуда тарғиб мегарданд. Бо гузашти вақт, чун шеваи англисиву фаронсавию олмонию чинӣ мешунаванд, ба монанди онҳо фикр меронанду дарк мекунанд. Бинобар ин, шарти аввали ҳифзи асолати худ ва ҳамчун миллат боқӣ мондан он аст, ки забони модариамонро бо ҳамаи махсусиятҳояш омӯзем, талаботи меъёри забони тоҷикиро бечунучаро риоя кунем.

Мутаассифона, наметавон бо қаноатмандӣ гуфт, ки имрӯз мо талаботи меъёри забонамонро дуруст иҷро мекунем, барои ҳифзу ҳимоят ва парваришу густариши он ба қадри дакорӣ кор карда истодаем. Зеро мушоҳида мешавад онҳое, ки муаррифгари забону фарҳанги мо ҳастанд, худашон низ зуд-зуд дар гуфтору навишторашон аз калимаву баёни бегона истифода мебаранд. Масалан, имрӯз истифодаи калимаи “презентатсия” бисёр маъмул шудааст. Ҳол он ки шакли тоҷикии он мавҷуд аст. Чунончи калимаҳои “намоиш”, “шиносоӣ”, “муаррифӣ”, “тақдим”, “арз” ва “пешкаш” он маъноро медиҳанд, ки мо бо “презентатсия” ифода кардан мехоҳем.

(давом дорад)


Изтироби файзбахш

“Кӯдак аст!” –нагӯед! Аҳамияти муколама бо навзод

Тафаккур ва аҳамияти таҷдиди назар кардан

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s