Ҷавонон ва ҳифзи забон (2)

Илова бар ин, дар маҳфилҳои илмӣ, ҷамъомаду чорабиниҳои гуногун гӯё истифодаи калимаи бегона маҷбурист ё сатҳи донишро муайян мекарда бошад, ки мо аз онҳо зиёд истифода мебарем. Чунон менамояд, ки бо истифодаи калимаҳои забони дигар мехоҳем, аз дигарон фарқ кунем, гуфторамон тарзе бошад, ки барои аксарияти ҳозирбудаҳо ошно набошад. Ҷониби дигари масъала, ки ваҳмовар низ мебошад, он аст, ки имрӯз дар кормандони матбуот, ТВ ва радио, ки барои тоза нигоҳ доштани забон вазифадоранд, тағйири услуби баён мушоҳида мешавад. Имрӯз метавон гуфт, расонаҳои ахбор ба қадри даркорӣ ба тозагии забон аҳамият намедиҳанд.

Таассуфовар боз он аст, ки имрӯз бештари ҷавонон забонро махлут ва нодуруст истифода мебаранд. Истифодаи ноҷои таркибу ибораҳо, корбурди калимаҳои русиву англисӣ гуфтори онҳоро дағал ва ҳоли забони гуфтугӯро хароб кардаанд. Ҳол он ки ҷавонон он қишри ҷомеа мебошанд, ки меросбари фарҳангу забон ва миллатанд. Аз ин рӯ бисёр зарур аст, ки ҷавонон ба тозагии забон, ба риояи талаботи меъёри забон аҳамият диҳанд. Зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки имкони ба ҳам омезиш ёфтани фарҳангҳо бештар шудааст, аз байн рафтани фарҳангҳо ва забонҳои беҳимоятмонда ногузир мебошад. Бо фарқ аз асри ХХ дар асри нав пахшу ишғол кардани давлатҳо бидуни силоҳ, балки тавассути фарҳанг ва бозор (иқтисод) бартарият ёфтааст. Қадами кишварҳои бузург ё худ абарқудрат ба ҳар минтақа ва давлати алоҳидае, ки расид, ҳатман он ҷо нишонаҳо аз фарҳанги он давлат, анвои хӯрок, сару либос, мусиқӣ ва дигар унсурҳо ба назар мерасанд.

Пас, биёед нисбат ба рукни муҳими давлат – забон бепарвоӣ накунем, то аз ҷониби соҳибони фарҳанги ғайр помол ва нобуд нашавем!

–Башир Усмон, ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”


Инкишофи нутқи кӯдакро саҳл нагиред!

Сермутолиа ва огоҳ бошем!

Ҳаҷв

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s