Яке аз хислати дар ҳаёт муҳим танзими сармоя ва сарфакорона истифода бурдани он аст. Нафарони зиёд сармоя ҷамъ мекунанд, вале аз он самаранок истифода карда наметавонанд. Мутахассисони соҳа қайд мекунанд, ки малакаи сармоядориро бояд аз синни хурдсолӣ ба кӯдак омӯзонид.
Сарфакунии буҷаи оилавиро ба кӯдак фаҳмонед
Сарфи самараноки маблағро аз синни 3-4-солагӣ ёд додан мумкин аст. Вале чунин мавзуъ дар савияи фаҳмиши кӯдак бояд фаҳмондадиҳӣ шавад. Масалан, хароҷоти гуногунро ба рангҳои муайян тақсим кунед. Ранги кабуд – иҷорапулӣ, сурх – озуқапулӣ, сабз – бозичапулӣ. Дафъаи дигар, ҳангоми “Бозича харед!”, гуфтани кӯдак, фаҳмонед, ки рангҳои сабз барои ин моҳ аллакай тамом шудаанд. Ӯ метавонад босаброна то моҳи оянда рангҳои сабзро ҷамъ карда, мошинчаи дӯстдоштаашро гирад.
Ҳар чизи хостааашро дарҳол нахаред!
Ҳар чизи хостаи кӯдакро дарҳол нахарида, онро дар рӯйхати хоҳишҳо бо нархаш навишта дар яхдон ё ҳуҷари хоби кӯдак часпонед. Дар охири моҳ ӯ метавонад бо маблағи ҷамъшуда яке аз хоҳиши худро иҷро намояд. Ба ин васила кӯдак дар бораи ҳар як харид фикр карда, аз рӯйхати хоҳишҳо барои худ лозимаро интихоб мекунад. Ин раванд хеле шавқовар хоҳад гузашт.
Кисапулӣ диҳед
Ҳадаф аз кисапулӣ додан таълими одоби харҷ карда тавонистан ба кӯдак мебошад. Масалан, ба ӯ гуед, ки яхмоспулии ҳаррӯзаро 3 моҳ ҷамъ карда, велосипед ҳам харида метавонад. Ӯ бо ин усул барои расидан ба орзуҳояш пасандоз ҷамъ карданро меомӯзад.
Қуттии пулғундорӣ ташкил кунед
Дар рӯи қуттӣ номи бозича ва нархашро навишта, ҳаррӯза киссапулиашро ба даруни қуттии пулғундорӣ гузорад. Оҳиста-оҳиста маблағи лозима ҷамъ хоҳад шуд. Ин раванд барои расидан ба ҳадаф босабр буданро меомӯзад.
Барои баҳои хуб пул надиҳед
Яке аз хатогиҳои калон дар раванди тарбия ин дар мактаб бар ивази баҳои хуб ба кӯдак пул додани волидайн аст. Зеро мактаб дар шуури кӯдак аз сарчашмаи илм ба манбаи дарёфти пул табдил меёбад. Вале ҳамчун мукофотпулӣ барои ягон дастоварде, ҳамчун фаъол ба итмом расонидани соли таҳсил, ғолибият дар мусобиқаи варзишӣ ба қуттии пулғундорияш маблағе илова карда метавонед.
Раванди пулғундориро ба бозӣ табдил диҳед
Агар бозичаи хостаи кӯдак гарон бошад, пулғундории муддати тӯлонӣ дилгиркунанда мешавад. Барои ҳамин раванди пулғундориро ба бозӣ табдил диҳед. Масалан, болои коғаз нақши як роҳи афсонавиро кашида, аз рӯи он бо нуқтаҳо ҳадафро ишора кунед. Баъдан онро дар яхдон овезон кунед ва ҳар вақте ки кӯдак ба қуттӣ пул андозад, бо қалам байни нуқтаҳоро пайвандед. Аз ин амал кӯдак барои расидан ба мақсадаш аз рӯи нақша кор карданро меомӯзад.
–таҳияи Саид Муъмин
Аҳамияти боғчаи кӯдакона дар инкишофи кӯдак