Нишонаҳои қабл аз сактаи дил, ки ҷисм моро огоҳ мекунад (2)

Шамолхӯрӣ ё зуком

Дар бисёр аз қурбониёни сактаи дил пеш аз вуқӯии ин беморӣ аломатҳои шамолхӯрӣ ё зуком мушоҳида мешаванд. Аа ин рӯ ҳар кӣ бо мушкилӣ бо саломатии дил дорад, барои эҳтиёт ҳангоми сар задани нишонаҳои шамолхӯрӣ ва зуком ба духтур муроҷиат намоянд.

Хастагии бардавом

Ҳамроҳи заифии тамоми бадан, хастагии бардавом низ яке аз нишонаҳои қавии камхунӣ ва гардиши сусти хун дар бадан аст. Дар ин маврид аз сабабе, ки барои таъмини кофии гардиши хун қувваи иловагӣ сарф мешавад, бадан ҳисси нороҳатӣ мекунад. Дар ҷамъ ҳамаи ин ҳолатҳо ба фаъолияти солими дил халал расонида, эҳтимол боиси сар задани сактаи дил гарданд.

Зиқи нафас

Носозгории нафас яке аз аломатҳои хабардиҳандаи эҳтимолии сактаи қалб мебошад. Шушҳои инсон аз дигар мушаку узвҳои бадан, ки ба оксиген ва ҷараёни дурусти хун ниёз доранд, фарқ надорад. Вақте дил зери фишор қарор мегирад, албатта ин ба шушҳо ҳам таъсири манфӣ мерасонад.

Ҳамчунин табибон қайд мекунанд, ки тарзи ҳаёти зист низ ба саломатии дил таъсири амиқ мерасонад. Одатҳои бад ба монанди сигоркашӣ ва истеъмоли машруботи спиртӣ, пурхӯрӣ ва камҳаракатӣ эҳтимоли сар задани сактаи дилро зиёд мекунанд. Барои пешгирӣ намудани сактаи дил ҳатман ҳаёти хешро аз назар гузаронида, машшғулият бо тамринҳои сабули ҷисмониро ба худ одат кунед.

Саломат бошед!

–таҳияи Достиев Неъмат


Хосияти шифобахши тамашк

Картошка сабзавоти фоидабахш аст

Таъсири нӯшокиҳои энергетикӣ ба организми инсон

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s