Ҳақиқати марг ва идроки кӯдак (1)

Дар солҳои аввали ҳаёти кӯдак марг барояш он қадар тарсовар ва хавотиркунанда нест. Зеро фаҳмиши кӯдак ҳоло барои идроки ҳақиқати марг рушдкарда намебошад. Вале дар баробари ин кӯдакон аллакай аз синну соли хурдӣ оид ба марг саволҳо пурсида, барои фаҳмидани он мароқ зоҳир мекунанд. Ҳарчанд хабарҳои марги кас, фавти ҳайвоноту ҳашарот ӯро аз ҳақиқати марг огоҳ мекунанд, аммо идроки кӯдакро таъсиргузор намешавад.

Дар синни 2-3-солагӣ кӯдак аллакай дар рафти бозиҳояш аз марг сухан меронад. Ба ҳар ҳол, вақте тапончаи бозичагияшро ба сӯи касе ишора карда, “Пах-пах, ту мурдӣ!” мегӯяд, ӯ аз марг танҳо беҳаракат мондани ҷисмро мефаҳмад. Ҳоло кӯдак аз ҳақиқати марг ба мисли калонсолон бапуррагӣ бархӯрдор нест. Дар ин овон кӯдак доир ба марг бепарвоёна сухан ронда, ҳоло намедонад, ки марг василаи гузариш ба ҳаёти абадӣ буда, як ҷанбаи муҳими ҳақиқати зиндагӣ аст.

Дар синни 3-4-солагӣ кӯдак кашф мекунад, ки бо пӯсида қоқ шудани баргони дарахтон ва баъд аз зер кардани ҳашарот, онҳо бори дигар зинда намешаванд. Ӯ дар ин синну сол ба дарки он мерасад, ки дарахтон, ҳашароту ҳайвонот мирандаанд, вале ба ҳеҷ ваҷҳ доир ба марги худ андеша намеронад. Маргро кӯдак ба мисли сафари тӯлонии бебозгашт мепиндорад.

Дар синни 5-солагӣ дар фаҳмиши кӯдак марг бо хоби дарозмуддат ҳамрадиф аст. Аз ин рӯ аллакай нисбат ба марг тарс пайдо мекунад. Дар ин овон ӯ зуд-зуд аз волидайнаш суол мекунад, ки оё онҳо низ мирандаанд. Доир ба ҳақиқати марг саволҳои зиёди мураккаб мепурсад.

Дар синни 5-6-солагӣ кӯдакон пай мебаранд, ки миёни марг ва бемор гаштану пир шудан робитае мавҷуд аст. Онҳо гумон мекунанд, ки ҳар вақте одам пир мешавад, ҳамоно мемирад. Аз ин рӯ, ҳар вақте волидайн ба ӯ мегӯянд, ки пир шудаанд ва ё пир мешаванд, ӯ ҳамоно маргро ба хотир меорад. Вале маргро ҳоло ҳам ба мисли хоби гарон пиндошта, умед дорад, ки рӯзе нафарони ин оламро падрудгуфта боз бедор мешаванд. Дар ин синну сол аз тарси марг дида, бешатр ваҳми тани танҳо мондан зеҳни кӯдакро ба ташвиш меорад.

(давом дорад)


Бигзор, кӯдак ба полгона барояд!

Тарбияи ҳисси худбоварӣ дар кӯдак

“Кӯдак аст!” –нагӯед! Аҳамияти муколама бо навзод

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s