Ҳақиқати марг ва идроки кӯдак (2)

Бояд қайд кард, ки бо гузашти замон ва рушди ҷисмонӣ-равонӣ савол ва мароқи кӯдак оид ба ҳақиқати марг зиёдтар мегардаду камтар не. Аз ин рӯ волидайнро лозим меояд, то ки ба саволҳои фарзандашон посухҳои дуруст ва татминкунанда диҳанд. Ҳарчанд баъзе аз волидайн чунин саволҳои фарзандро сарфи назар мекунанд ва ба ӯ посухҳои лозимаро намедиҳанд, вале кӯдак солҳои баъдӣ мустақилона аз пайи дарёфти посух аз манбаҳои гуногун мешавад. Ва эҳтимол, маълумоти барғалату бофташуда майнаи сари ӯро олуда созанд.

Пас, чӣ бояд кард?

– Аввал ин, ки ба саволҳои кӯдак мувофиқи синну солаш посухҳои дуруст ва татминкунанда диҳед. Ба ҳеҷ ваҷҳ ӯро сарфи назар накунед;

– Ҳар вақте кӯдак доир ба марги нафаре ва ба куҷо реҳлат кардани ӯро мепурсад, бинобар асосҳои арзишҳои маънавӣ ва асосҳои имонӣ посухҳои дуруст диҳед. Ӯ бояд донад, ки пас аз падруд гуфтани ин олам, ҳаёти боқӣ дар моваро идома хоҳад ёфт. Ҳамчунин илова бояд кард, ки мо низ мирандаем ва ҳар вақте замони реҳлат расад, аз ин олам кӯч хоҳем баст. Дар ин раванд аз рафтор ва гуфторҳои ваҳмовар ва даҳшатборе, ки метавонанд кӯдакро аз марг тарсонанд, худдорӣ кунед;

– Табиист, ки кӯдак метавонад саволи “Мо кай мемирем?”-ро диҳад. Аз ин рӯ бо услуб ва лаҳни мувофиқ “Намедонам. Ҳеҷ кас соат ва рӯзи маргашро намедонад. Дар тақдирамон чӣ қадар муайян шуда бошад, то он рӯз хоҳем зист” барин посухҳо диҳед;

– Баъзан кӯдак бинобар марги шахси наздике худро айбдор меҳисобад. Ҳар вақте инро пай мебаред, ҳамоно амал карда, ӯро аз ин гуна фикру андешаҳо бо шеваи муносиб дур созед ва ғалат будани чунин фикрҳои ӯро барояш эзоҳ диҳед;

– Бинобар марги нафаре барои тасалло бахшидани кӯдак ҳаргиз “Зиқ нашав, ӯ танҳо хоб аст, ҳоло аз хоб бедор шуда, бармегардад” барин суханҳои дурӯғинро ба забон наоред;

– Дар чунин маврид дурусттар мешавад, ки гӯед: “Мо ӯро доим дӯст медорем. Ӯро ёд хоҳем кард. Ва касе ҷойи ӯро дар дили мо гирифта наметавонад”. Ин гуна суханҳо кӯдакро дилбардорӣ карда, бо ӯ ҳамдил буданатонро нишон медиҳад.


Аҳамияти боғчаи кӯдакона дар инкишофи кӯдак

Баъд аз 3-солагӣ аллакай дер мешавад!

Нақши бобо ва бибӣ дар раванди инкишофи шахсияти кӯдак

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s