Оё хӯроки наҳории ройгон дар корхонаҳо ба фаъолияти корӣ таъсиргузор аст?

“Pivotal Software” ширкати истеҳсолкунандаи нармафзор ва хизматрасонӣ ҳар субҳ кормандони худро бо наҳории ройгон таъмин месозад. Роҳбарони ширкат қайд мекунанд, ки чунин иқдом ба рушди ширкат мусоидат намудааст. Ширкати “Pivotal Software” бо мақсади тиҷорат таҳия ва роҳандозӣ гардидааст. Дар амалия ин гуна лоиҳаҳоро стартап меноманд. Ногуфта намонад, ки ин намуди ҳавасмангардонии кормандонро танҳо дар мисоли ширкати “Pivotal Software” дидан мумкин нест.

Ҷей Хам, яке аз кормандони фаъоли ширкати “Pivotal Software” қайд мекунад, ки ҳар пагоҳӣ кормандонро бо наҳорӣ таъмин кардан аз хазина харҷи муайянро талаб мекарда бошад ҳам, вале бурди ширкат аз он ҳам бештар аст. Фарз кардем, ки реҷаи корӣ ҳар пагоҳӣ аз соати 8:00 оғоз меёбад. На ҳар корманди ширкат имкони ҳар пагоҳӣ дар хонааш наҳорӣ карда, сари вақт дар ҷойи кор шуданро дорад. Аксарият баъд аз соати 8:30-9:00 дер монда дар ҷойи кор ҳозир мешаванд. Гоҳо мешавад, ки коргар аз хоб дер хеста, зуд саросемавор ба сӯи кор мешитобад ва ҳамин тавр имконияти субҳона карданро аз даст медиҳед. Тақрибан соатҳои 10:00 вуҷуди инсон гуруснагиро эҳсос мекунад, ки он барои кор кардан ва умуман барои фикр кардан халал ворид месозад.

Аксар лоиҳаҳо маҳсули кори дастаҷамъонае мебошанд, ки дар он бояд ҳама фаъол бошанд. Масалан, муҳандисон бояд дар рафти кор барои дигаргун ва ё тарҳрезӣ намудани ин ё он қисмати лоиҳа бо ҳамдигар доим дар мубодилаи афкор қарор бигиранд. Аммо, вақте ки инсон гурусна мемонад, дар бораи лоиҳа неву балки дар бораи чӣ гуна сер кардани шикамаш фикр мекунад. Агар шумо барои тановули ғизо ба ошхонае воқеъ дар он сӯи кӯча равед, бешубҳа гуфтан мумкин аст, ки аз 45 то 60 дақиқа вақти кории фоидабахши худро  дар он соат сарф мекунед. Ҳатто ҳолатҳое мешаванд, ки дар ошхона ё сари роҳ рафиқону шиносҳоятон рӯ ба рӯ шуда, ҳангоми нӯшидани қаҳва дар пурсупоси ҳамдигар боз ҳам вақти зиёдтарро сарф мекунед. Ҳамаи ин бар зарари фаъолияти самараноки ширкат аст.

Ҳарчанд иқдоми таъмини кормандон бо наҳорӣ барои аксар муассисаву корхонаҳои тоҷикистонӣ бегона метобад, вале ширкатҳои пешқадам аллакай аз ин таҷриба васеъ истифода мебаранд. Ширкатҳои Airbnb, Dropbox, Adobe, Slack, Salesforce ва Uber, ки аз қабили ширкатҳои навтаъсису пешқадам ҳастанд, ба хотири сарфакорона истифода намудани вақти кормандонашон, иқдоми хӯроки наҳорӣ дар ҷойи корро роҳандозӣ кардаанд.

Вале бояд қайд кард, ки дар баробари бардоштҳои мусбат, ин гуна иқдомот метавонанд фазои кориро аз ҳоли мавҷуда боз ҳам бадтар созанд. Коршиносон қайд мекунанд, ки фарҳанг ва фазои кории ширкату муассиаҳо нақши асосиро мебозанд. Қабл аз амалӣ гардонидани ин навъ иқдомот, муҳим аст, ки дар муассисаҳо ҳаққи корманд риоя шавад, музди кории кормандон одилона ва сари вақт пардохт карда шаванд. Баъдан барои боз ҳам баланд бардоштани даромаднокии корхона ва беҳгардонии фазои корӣ аз ин навъ усулҳои ташвиқкунанда истифода кард.

–таҳияи Холов Бахтовар


Ҷавонон ва ҳифзи забон

Ғофил манишин, на вақти бозист!

Аз “ман” то “мо”

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s