Шояд, мусиқинавози хуб шавад!

“Аҳволи ин кӯдакро бин, ба хондан завқ надорад, саҳар то бегоҳ кораш мусиқинавозӣ асту бас!” -гӯён волидон аз фарзандонашон шикоят мекунанд. Агар кӯдак дар ҳақиқат завқ ва истеъдоди хуби мусиқинавозӣ дошта бошад, чаро дар ин самт таълим ва тарбияаш ба роҳ монда нашавад? Коршиносон бар онанд, ки фишор овардани волидон нисбат ба чунин кӯдакони соҳибзавқ дуруст нест. Зеро на ҳар кас метавонад санъаткори хуб шавад.

Аз ин рӯ, агар кӯдак завқ ва истеъдоди хуби мусиқинавозӣ дошта бошад, ҳатман бо мутахассис ва омӯзгори соҳа машварат карда, таълим ва тарбияи мувофиқро ҳар чӣ тезтар ба роҳ монед. Зеро бо гузашти сол, агар малакаи мазкур сайқал дода нашавад, кӯдак фурсат ва имкони мусиқанавози хуб шуданро аз даст медиҳад. Ҳол он ки кашф ва тарбияи чунин мусиқинавоз дар муҳити фарҳангие солҳову асрҳоро талаб мекунад.

Интихоби асбоби мусиқии мувофиқ

Баъд аз аниқ кардани завқ ва истеъдоди кӯдак ба мусиқинавозӣ, боз ҳам бо омӯзгори ботаҷриба машварат намуда, асбоби мусиқии мувофиқро барои кӣдак интихоб кунед. Баъзан кӯдак худаш интихоб мекунад, ки кадом асбоби мусиқиро навохтан мехоҳад. Бигзор, ба ин хоҳиши кӯдак монеа нашавед. Масалан, кӯдак ба гитаранавозӣ завқ дорад, лекин ӯро ба навохтани пианино маҷбур мекунанд. Ҳолати мазкур натиҷаи манфиро ба бор меорад. Зеро ба таври иҷборӣ омӯзонидани навозиши асбоби барояш нофорам кӯдакро дар ин ҷода шикаст медиҳад.

Аҳамияти дарсҳои хусусӣ

Барои дар ин ҷода муваффақ шудан, ҳатман аз мутахассис дарси хусусӣ гиред. Дар баробари ин, агар мутахассис педагоги хуб бошад, фарзандатон дарсҳоро боз ҳам осонтару хубтар азхуд мекунад. Агар дарсҳои хусусӣ бароятон гарон бошанд, ба курсҳои омӯзишӣ низ рафтан мумкин аст.

Интихоби асбоби мусиқии босифат

Ҳамчунин яке аз монеаҳои тарбияи мусиқинавози хуб дар кӯдак, ин интихоби  асбоби арзон ва пастсифат дар раванди омӯзиш мебошад. Зеро омӯзиши мусиқинавозӣ сараввал тарбияи шунавоии хуби мусиқишиносӣ ва завқ аст. Садои асбоби пастсифат бо мурури замон ба гӯши кӯдак ҳамчун меъёр қабул гашта, минбаъд сиафти мусқинавозияшро бинобар он шакл медиҳад. Барои ҳамин ҳангоми интихоби асбоб аз тавсияи коршинос истифода кунед.

Кӯдакро дастгирӣ кунед

Раванди омӯзиши мусиқинавозӣ ҳамчун азхудкунии малака ва истеъдодҳои ғайр кӯшиш ва вақтро талаб мекунад. Ҳарчанд дар аввали ҷода кӯдак мусиқинавозиро ҳамчун завқ пиндошта саргарми он мешавад, вале дар қадамҳои баъдӣ бинобар мушкилии омӯзиш, эҳтимол, мехоҳад, ки аз он даст кашад. Дар чунин маврид дастгирии волидайн муҳим аст. Падару модар, омӯзгорону ҳамсабақон ӯро ҳатман кӯмак карда, доир ба субот дар ин ҷода фаҳмонанд. Ҳатман дар раванди таълим ва тарбияи завқи мусиқинавозӣ ӯро бо ҳаёти мусиқинавозони номдори олам шинос намоед. Кӯдакро ҳар чӣ бештару амиқтар ғӯттаи фазои мусиқӣ гардонида, ишқу шавқро дар ӯ бедор намоед. Ҳаргиз бинобар душвориҳои ба миён омада ӯро танқид накунед.

Консертҳоро пайгирӣ намоед

Дар раванди омӯзиш иштирок дар консертҳо хеле муҳим аст. Навозандаи машҳурро бо он асбоби дӯстдошта дар саҳна дидан ба кӯдак таъсири мусбат хоҳад расонид. Бо санъаткорон расмгирӣ ва имзогирӣ дар албом майлу рағбати кӯдакро дучанд хоҳанд кард. Агар имкон бошад, бо санъаткорони мувофиқ робитаи доимӣ дошта бошад.

–таҳияи Саид Муъмин


Ҳақиқати марг ва идроки кӯдак

Тарбияи ҳисси худбоварӣ дар кӯдак

Бигзор, кӯдак ба полгона барояд!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s