Тамринҳои махсус барои бедор кардани малакаи эҷодкорӣ (1)

Профессори соҳаи нейропсихология Эстанислао Бахрах (Estanislao Bachrach) солҳои зиёд боз мағзи сари инсон ва тарзи фаъолияти онро меомӯзад. Ҳамин тавр ӯ ба хулосае расдиааст, ки малакаи эҷодкорӣ ва қобилияти шоҳасаре эҷод карданро ҳамагон дороанд. Чунин малака дар ҳама нуҳуфта асту танҳо на ҳар кас онро бедор карда, аз он дуруст истифода мекунад.

Тасаввур кунед, ки мағзи сар мушак асту ҳаёт раванди омодагӣ барои инкишоф додан ва қавӣ гардонидани тавоноии он мушак мебошад. Варзишгарон хуб огоҳанд, ки агар мушак бо тамринҳои мунтазам машғул карда нашавад, бо гузашти замон мушак низорӣ (атрофия) мегардад. Вале мушакҳои низориро низ метавон аз нав бо роҳи тамринҳои мунтазам ва иродаи қавӣ барқарор намуд.

Профессор Бахрах дар натиҷаи таҳқиқоташ муайян кард, ки мағзи сари инсон ҳам бинобар отил гузошта шуданаш аз қобилиятҳои асосияш маҳрум мегардад. Аз ин рӯ мутахассис як қатор тамринҳои барои бедор кардани малакаҳои нуҳуфтаи мағзи сари одамиро тавсия медиҳад, ки ҳам малакаи эҷодкории касро баланд мекунанд ва ҳам мағзро дар давоми рӯз фаъол нигоҳ дошта, барои ҳалли мушкилот омода месозанд. Баъзе аз он тамринҳоро тақдими Шумо мегардонем:

Тахайюл кунед

Қабл аз ҳама мағзи сарро мебояд “гарм” кард. Барои ин истифода кардан аз малакаи тахайюл фоидабахш аст. Барои ин доир ба мавзӯъҳои гуногун тахайюл кунед:

– Чӣ мешуд, агар бо гузашти сол шумо, боз ҳам зеботару оқилтар гардед?
– Чӣ мешуд, агар дар як шабонарӯз 23 соат хоб мекардеду танҳо 1 соат бедор мемондед?
– Чӣ мешуд, агар ҷангҳо бас мекарданду дар тамоми дунё сулҳ барпо мегашт?
– Чӣ мешуд, агар чашмони одам дар пушти сараш ҷойгир мешуданд?

Тахайюл кардани ба ин монанд ҳолатҳо ҷиҳати эҷодкории мағзи сарро бедор мекунад. Ин навъ хаёлбофиҳо мағзи сарро саргарм карда, барои иҷрои тамринҳои баъдӣ мусоидат мекунанд.

Аз муқаррароти рӯзмарра озод бошед

Якрангиву муқаррароти шахшудаи рӯзмарра душмани эҷодкорӣ мебошанд. Кӯшиш кунед, ки ҳар чӣ тезтар аз он халос ёбед. Барои ин сараввал болои коғаз амал ва одатҳои рӯзмарраеро, ки доим бошуурона ва ё бешуурона ба ҷой меоред, тартиб диҳед. Минбаъд иҷроиши баъзеи аз онҳоро иваз намоед ва ё ба равандашон оҳанг ва нақшҳои навбанав илова намоед.

Масалан, агар ҳар рӯз ба мактаб, донишгоҳ ё муассисаи кориятон бо як роҳи муайян мерафта бошед, баъзан масири роҳи дигаргунро интихоб намоед. Агар доим адабиёти як жанри муайянеро мутолиа мекарда бошед, минбаъд диққатро ба жанри мухталиф равона созед. Ҳамчунин реҷаи хоб, одатҳои хӯрокхӯрӣ ва хушгузаронии вақти холиятонро низ метавонед аз назар гузаронед. Ин гуна тағйири созандаи одат ва рафторҳо барои мағзи сар имкони фикрронии дигаргунро фароҳам меоварад.

Тарзи суолпурсӣ ва сухнаронӣ

Боре ширкати мошинбарории “TOYOTA” аз кормандонаш суол кард, ки чӣ тавр метавон маҳсулнокии ширкатро баландтар бардошт? Вале баръакси интизориҳо, ба маъмурият хеле кам нафарон бо фикри созандае доир ба ин масъала муроҷиат карданд. Баъд аз чанд вақт маъмурияти ширкат шеваи пурсишро доир ба масъалаи мазкур иваз намуд: “Чӣ тавр метавон кори шуморо осонтар кард?” Ин дафъа бошад таклифу пешниҳодҳо хеле зиёд буданд.

Аз ин мисол фаҳмидан мумкин аст, ки саволи дуруст ифодаёфта, метавонад заминаи посух ва ҳалли созандаро ба миён орад. Тағйироти кӯчак дар усули пурсиш, ибораи истифода бурдашуда, ё ивази калимае дар савол раванди фикрронии мағзи сарро бакуллӣ иваз намуда, ба масъала ва мушкилоти мавҷуда имкони аз зовияи нав назар карданро фароҳам месозад. Зеро ҳар калимаи истифода бурдашуда дар зеҳн донишҳои мавҷударо бедор карда, ҳамин тариқ мағзи сар мафҳумҳои ҷадидро ба миён меорад.

Аз ин рӯ, ҳар вақте бо мушкилие рӯ ба рӯ мешавед, мафҳуми онро бо калима ва ибораҳои гуногун ифода карда, ба он аз зовияи ғайр назар кунед. Одатан бо иваз намудани хабари ҷумла ё мафҳуми ифодагашта, масъала ранги дигар мегирад. Шояд, ҳалли мушкил дар пеши назаратон асту шумо онро дида натавониста истодаед.

Масалан: Ман чӣ тавр камтар кор кунам?
Танҳо як калима ё ибораро иваз мекунем: Ман чӣ тавр камтар хастаҳол шавам? Ман чӣ тавр камтар асабӣ шавам?

Аз ин мисол пай бурдан мумкин аст, ки дар мафҳум савол ҳоло ҳам ба “Ман чӣ тавр камтар кор кунам?” равона шудааст. Ва ин тарзи саволпурсӣ метавонад касро дилмонда кунад. Вале саволи “Ман чӣ тавр камтар хастаҳол шавам?” аллакай равзанҳои зиёдеро барои ҳалли мушкил боз мекунад. Ҳамин тавр ин гуна усули фикррониро дар ҳама гуна мушкилот ба кор бурдан фоидабахш буда метавонад.

(давом дорад)


Ҷавонон ва ҳифзи забон

Тафаккур ва аҳамияти таҷдиди назар кардан

Аз “ман” то “мо”

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s