Тамринҳои махсус барои бедор кардани малакаи эҷодкорӣ (2)

Аз ангезаҳо озод бошед

Аксар вақт ангезаҳои гуногуни берунаву дарунӣ касро аз пайдо кардани ҳалли созандаи мушкилот манъ мекунанд. Аз ин қабил ангезаҳо метавон тарс, таассуб, андеша ва назари дигарон, ба худ боварӣ надоштан ва ғайраро зикр кард. Вале бояд дарк кард, ки ҳамаи ин ангезаҳо хаёлӣ ҳастанду ҳар чӣ тезтар аз онҳо бояд халос шуд. Ангезаҳоро дар хаёл ҳамчун либоси болоии тан тасаввур карда, онҳоро кашида партоед ва озод бошед.

Табдили макон

Вақте мо новобаста дар байни сарчашмаи мушкилот (хона, корхона ва ғайра маконҳо) қарор дорем, бинобар фазои манфии муҳити мавҷуда мағзи сар берун аз қолаби шахшуда фикр ронда наметавонад. Зеро муҳити мавҷуда қобилияти андешаронии онро маҳдуд карда, аз идроки ҳалли алтернативӣ дур месозад. Барои ин табдили макон карда, аз он макони мушкилот дур шудан самарабахш буда метавонад.

Бинобар табдили макон кардан, одамон ба масълаи мавҷуда аз зовия ғайр назар карда, арзиш ва усули фикррониро тағйир дода метавонанд. Агарчанде ҳамоно аз он макон дур шуда натавонед ҳам, хаёлан аз он ҷо дур шуда истоданатонро тасаввур кунед. Фарз кунед, ки шумо ба мушкилоти мавҷуда аз баландии кӯҳ, дар ҳавои тозаи ҷангалзор ё соҳили баҳри зебоманзар дахолат мекунед. Ором бошед!

Тасаввур ва тахайюли эҷодӣ

Тасаввур ё тахайюли эҷодӣ малакаи гаронбаҳо мебошад. Зеро бинобар ин малака кас метавонад натиҷаи ниҳоӣ ва мақсудро пеши назар орад. Фарз кардем, ки шумо бояд барои маҳсуле қуттӣ ё муқова оро дода, маҳсулро ба бозор барои фурӯш бароред. Қабл аз сар кардани тарҳ ва ороиш онро дар хаёл зинда кунед. Ҳарчанд дар миён ҳоло чизе мавҷуд нест, вале онро дар тасаввур шакл дода, бо даст доред, вазнашро ҳис кунед, ҳамчун харидор аз он истифода кунед. Чунин тамрин барои баланд бардоштани сифати маҳсул пеш аз истеҳсол ва ҳам барои фаъолияти зиндаи мағзи сар мусоидат мекунад.

Ҳамин тариқ дар ҳама соҳаву фаъолиятҳои касбӣ метавон аз қувваи тасаввур ва тахайюли эҷодӣ ба кор бурда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гашт. Ҳамчунин ин навъ тамринҳои тахайюлӣ барои ҳалли мушкилот ва раҳоӣ аз бандубасти фикрӣ заминаи самарабахшро фароҳам оварда метавонанд.

Оромиш

Баъд аз чунин тамринҳои тахайюлӣ мағзи сарро ҳатман бояд оромиш бахшид. Барои ин чашмонатонро пӯшед, нафаси чуқур кашед ва аз 10 то 1 баръакс шумуред. Тасаввур кунед, ки дар уфуқ пуфаки кабудранг парвоз мекунад ва шумо онро тамошо мекунед. Ҳамаи ташвиш ва андешаҳоятонро ба дохили он пуфак ҷой кунед. Баъдан, пуфакро раҳо кунед, то ки он ҳамроҳи андешаву ташвишҳо парвоз карда, ба чашм ноаён шавад.

Тамрини мазкурро ҳар рӯз ва ё ҳар вақте ки бо мушкилие рӯ ба рӯ мешавед, такрор намоед. Ғалат нафаҳмед, ин навъ тамрин ҳеҷ гоҳ шуморо аз ҳақиқати мушкилӣ дур намесозад ва онҳо худ аз худ ҳал намешаванд. Вале тамрин барои таҷдиди назар кардан ва бо нерӯи тоза барои ҳалли мушкил ҷаҳд карданро имкон медиҳад.

Муваффақ бошед!


Озод аз рукуди зеҳнӣ бошед!

Тафаккур ва аҳамияти таҷдиди назар кардан

Бо коре машғул бошед, ки бароятон дилписанд аст!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s