Кӯдак ва маънавият (1)

Нақши тарбияи маънавӣ дар ташаккули шахсияти кӯдак ва ҳам рушди солими ӯ ҳамчун фарди ҷомеа муҳим аст. Кӯдаконе, ки аз тарбияи маънавӣ маҳрум мемонанд, одатан худро нотамом ва тани танҳо эҳсос мекунанд. Ин гуна кӯдакон метавонанд зуд-зуд асабӣ гашта, дар оянда гирифтори ҳолати инқибоз ҳам шаванд. Боварӣ ба худ ва малакаи ба оянда устувор қадам зада тавонистан дар онҳо одатан ноқис мемонад. Вале, агар кӯдак дорои ҳаёти маънваии солим бошад, соҳиби ҳадаф гашта, дар ҳар қадам маънӣ ва ҳикматро ҷӯё мешавад. Ин гуна тарз ва усули зист кӯдакро солим ва соҳибҳадаф ба воя мерасонад.

Дар асл кӯдак мудрики он аст, ки ин дунё аз асрори зиёд иборат аст. Зеро барои ӯ ҳама чиз нав аст. Аз ин рӯ ташнаи донишомӯзӣ буда, мехоҳад доир ба равандҳои табиӣ ва физикӣ бештар омӯзаду кашф кунад. Барои кӯдак, ҳангоми сайру гашт дар дашту саҳрои баҳорӣ, тамошои гулҳову парвози шабпаракҳо завқовар буда, атрофро булъаҷаб мепиндорад.

Дар назари кӯдак ҳаёт ва табиат ҳайратовар менаманд. Аз ин рӯ дар ин овони хурдсолӣ ӯ мехоҳад бо падару модар тамоми бардошт ва эҳсосоташро тақсим кунад. Дар навбати худ волидайн аз ин эҳсоси ташнагӣ нисбат ба донишомӯзии ӯ истифода карда, доир ба равандҳои табиӣ, қонуниятҳои физикии олам ва тағйири мавсимҳои сол аз зовияи имон ва маънавият шарҳу эзоҳҳои мувофиқ ва татминкунанда диҳанд.

Кӯдак ҳар паҳлӯи ҳаёти маънавӣ ва ҷиҳатҳои гуногуни имониро бояд сараввал аз волидайн омӯзад. Дар ин миён бояд зикр кард, ки волидайн низ бояд то дараҷае аз ин гуна масъалаҳои нозук, вале пурбор бохабар бошанд. Падару модар бояд ботамкин, боэътимод ва оқилона рафтор намуда, қадам ба қадам тарбияи маънавии кӯдакро ба роҳ монанд. Қабл аз он ки кӯдак ба мавҷудот ва ба Офаридгоре, ки бо чашм мушоҳида карда наметавонад, боварии комил ҳосил кунад, аввалан бояд нисбат ба муҳит ва нафарони мушоҳида мекардааш боварӣ ва итминони том пайдо намояд. Чунин раванди омӯзиш вақт ва таҳаммули беандозаи волидайнро талаб мекунад.

(давом дорад)


Ҳақиқати марг ва идроки кӯдак

Зубда

Шарм дор ва носипос нашав!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s