Кӯдак ва маънавият (2)

Сараввал волидайн ва ҳам кӯдак бояд дарк кунанд, ки ҳаёти маънвӣ як навъ усули зиндагонии иловагӣ ва кулфатбахш набуда, балки зубдаи ҳаёт асту риояи меъёрҳои он касро такмил медиҳад. Аз ин рӯ ҳар сонияи оила бояд бинобар фазои пурбаракати маънавият гузарад. Қадами аввали чунин ҳаёти созандаи кӯдакро тариқи мушоҳидаҳо ба роҳ мондан мумкин аст. Ҳар вақте ҳамроҳи кӯдак ба сайру гашти табиат ва ба боғи ҳайвонот меравед, ё саргарми фаъолиятҳои ҷамъиятӣ мешавед, ҳатман аз умур ва ҳодисоти олам, ҳикмати офариниши ашёи мушоҳидамешуда ӯро огоҳ намуда, аз ҷониби кӣ ба мо икром гардидани неъматҳоро фаҳмонед.

Вақте кӯдак мувофиқи синну солаш доир ба ҳикмати офариниши ашё ва ҳодисот маълумоти кофӣ мегирад, бинобар рушди маънавӣ, ҳолати равонӣ ва саломатии ҷисмӣ мусбат ва солим ба воя мерасад. Аз ин рӯ кӯдак боз ҳам хушбахттар, пурҳузур ва ҳамчун шахсияти комил ба сар мебарад.

Дар баробари ин ба кӯдак одоби дуо карданро омӯзонед. Бахусус пеш аз тановули хӯрок ва оғози ҳар кор “бисмиллоҳ” гуфтанро омӯзад. Зеро ин эътимод барои пайдо кардани боварӣ ба нерӯи атошуда ва такя кардан ба иноят ва қувваи Худовандро меомӯзонад. Бигзор, кӯдак Офаридгорро на ҳамчун Зоти ҷазодиҳанда ва азобдеҳ, балки ҳамчун Зоти ба офаридаҳояш марҳаматкунандаву бахшоянда бишносад. Аз он ки кӯдакро бо номи Худованд метарсонед, беҳтар аст ному сифатҳои Ӯро ба кӯдак дӯст доронед.

Вақте ба кӯдак донишҳои дуруст ва солимро оид ба арзишҳои маънавии фарҳангиамон меомӯзонед, ӯ нисбат ба ватан, маданият, таъриху санъати тоҷикона муҳаббат ва садоқат пайдо карда, аз ҳар гуна таассубҳои диниву илмӣ, хурофотҳои фикрӣ ва расму оиниҳои сохта орӣ барои ободӣ ва бақои миллат бештар ғайрат мекунад.


“Кӯдак аст!” –нагӯед! Аҳамияти муколама бо навзод

Шояд, мусиқинавози хуб шавад!

Ҳақиқати марг ва идроки кӯдак

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s