Одам ва дунё

Баъди як ҳафтаи вазнини кор падарам субҳи якшанбе аз хоб бедор шуда, наҳорӣ кард ва қарор дод, ки барои бартараф кардани хастагӣ ин рӯзро дар хона гузаронад. Сипас як даста рӯзномаро пешаш гузошт. Ин дам набераи чорсолааш аз дар даромад:
–Бобоҷон, рӯз шуд, акнун биёед маро ба парк баред! -бо лаҳни кӯдакиаш “амр” кард набера.

Ба хотири бобо ваъдаи ба Маҳина додааш расид, ки рӯзи якшанбе ба тамошои боғ мераванд. Аммо ҳоло хоҳиши аз хона берун рафтан надошт. Аз ин р, фикр мекард, ки чӣ кор кунад, ки тамошои боғро ба вақти дигар гузорад. Якравии набераашро низ медонист. Дар ҳамин фикр буд, ки чашмаш ба харитаи дунё часпид, ки як саҳифаи рӯзномаро медод. Бобо онро ба чанд пораи хурде тақсим карда, ба набера гуфт:
−Агар ҳамин харитаро ҷо ба ҷо карда биёрӣ, туро ба боғ мебарам.

Маҳина хурсанд шуда, пораҳои кӯчаки коғазро ба даст гирифта аз пеши бобо баромад. Бобо шод шуда, худ ба худ гуфт:
–Коре кардам, ки набераам чӣ, агар профессори ҷуғрофиё ҳам биёяд, онро дуруст карда наметавонад.

Вале хилофи интизори бобо, баъди даҳ дақиқа Маҳина аз дар даромада шодиёна нидо кард:
–Бобоҷон, дуруст кардам…!

Бобо ҳайрон шуда, бовар накард. Вале дид, ки наберааш харитаро дуруст карда овардааст.

Пурсид:
−Духтарам, ту инро чӣ тавр дуруст кардӣ?

Кӯдак ҷавоб дод:
−Вақте коғазҳоро аз пеши шумо мебурдам, дидам, ки дар пушти онҳо сурати як одам аст. Одамро, ки дуруст кардам, дунё худаш дуруст шуд!

–Башир Усмон, Ҳадяи зиндагӣ


Гули ҳасрат

Сагбачаҳо ва мор

Аспи давон

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s