Умри батареяи телефонро дароз кунед

Ҳоло ширкатҳои бузурги истеҳсолкунандаи ҷиҳозоти электронӣ, қариб ки ҳар соат як маҳсули навро пешкаши муштариён мекунанд. Имрӯз ҳар фарди ҷомеа ҳадди ақал як ҷиҳози электрониро дар ихтиёр дорад. Онҳо дар ҳаёти ҳаррӯза кори моро осон мекунанд. Ягона мушкилие, ки истифодабарандагонро нороҳат мекунад, ин базудӣ тамом шудани нерӯи ин ҷиҳозҳо мебошад. Агар чунин мушкилҳо шуморо нороҳат мекунанд, эҳтимол, ҷиҳози худро нодуруст истифода мебаред. Аз чораҳои оддию амалӣ истифода бурда, метавонед умри нерӯи ҷиҳози худро дарозтар кунед.

Як хатои маъмуле, ки бештар вақт мушоҳида мешавад ин аст, ки нерӯи телефону планшетҳо ба тамом сарф нашуда, онро ба пуркунандаи нерў пайваст мекунем. Агар гаҷҷетҳоро зуд‐зуд ба ҷиҳози пуркунанда пайваст накунем, умри батареяҳои онҳо тӯлонитар хоҳад шуд. Нерӯи аз ҳад зиёд низ қувваи батареяҳоро коста мекунад. Аз ин рӯ таҷҳизоти худро тамоми шаб дар олати пуркунандаи нерӯ нагузоред. Агар шабона пур кардани телефон ҳатман лозим бошад, барои 2‐3 соати баъдӣ соатзанг (будилник) гузошта, ҷиҳози худро аз назар гузаронед. Телефонҳои мобилиро махсусан шабона хомӯш кунед. Вақте онҳо муҳлати тӯлони фаъоланд, батераяҳояшон гарм шуда, бо мурури замон корношоям мешаванд. Метавонед телефонҳои худро барои вақти муайян хомӯш кунед. Хусусияти “bluetooth”‐ро танҳо замони даркорӣ фаъол кунед. Зеро “bluetooth”-и фаъол пайваста гаҷҷетҳои дигарро ҷустуҷӯ карда қувваи телефонро зуд кам мекунад.

Ба барномаҳои фаъол диққат диҳед. Махсусан дар смартфонҳои насли ҷадид баъзе барномаҳо дар пасмназар фаъол боқӣ мемонанд ва нерӯи батареяро кам мекунанд.

–таҳияи Достиев Неъмат


Маълумот ва мағзи сари одамӣ

Тамринҳои махсус барои бедор кардани малакаи эҷодкорӣ

Шояд, мусиқинавози хуб шавад!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s