Чӣ тавр об ба натиҷаҳои варзишӣ таъсир мерасонад?

Ба ҳар варзишгар маълум аст, ки нӯшидани об ҳангоми машқҳои ҷисмонӣ, зарурӣ ва ҳатмист. Зеро, агар ба миқдори кофӣ об нанӯшед, ин ҳам ба саломатӣ ва ҳам ба натиҷаҳои варзишии шумо таъсири манфӣ хоҳад расонид.

Вақте миқдори моеъ дар бадани инсон кам мешавад, хун ғафс шуда, кори дилро барои тела додани хун ба шоҳрагу рагҳо мушкилтар мекунад. Айни ҳол майнаи сару мушакҳо ба оксиген ва маводи ғизоии бештар ниёз доранд. Дар чунин вазъ дил барои таъмини хун қувваи изофӣ сарф мекунад. Ҳарорати бадан баланд шуда, набз меафзояд. Инсон худро бад ҳис карда, тобоварӣ ва мутобиқати ҳаракатро (координатсия) аз даст медиҳад.

Бештари вақт ин нишонаҳоро иштибоҳан бо аломати тамрини самаранок қабул мекунанд: “Модом, ки монда шудӣ, пас ҳамаро дуруст анҷом додаӣ!” Вале ин ҳолат метавонад аломати кам шудани об дар бадан бошад. Дар ин ҳолат ба ҷои тамрини хуб ба саломатӣ зарар расонида, организм ба тамоми қувва фаъолият карда наметавонад ва самаранокии машқҳо ба сифр баробар мешавад. Натиҷаҳои варзишӣ низ коҳиш хоҳанд ёфт.

Ба мақсади дарёфти натиҷаҳои аввалини назаррас, набояд фаромӯш карда, ки бидуни истеъмоли бошуурона ва саривақтии оби тозаи ошомиданӣ, машғулияти варзиш ғайриимкон аст. Ба ҳамин далел таъмини саривақтии захираи моеъ дар бадан хеле муҳим аст.

–таҳияи Достиев Неъмат


Нишонаҳои қабл аз сактаи дил, ки ҷисм моро огоҳ мекунад

Меваи аз 21 элементи фоидабахш ғанӣ

Аз фарбеҳӣ озод бош!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s