Ба дурӯғгӯии кӯдакон кӣ айбдор аст?

Ҳама медонанд, ки дурӯғгӯӣ хислати бади инсонӣ аст. Вале ҳамарӯза бо нафароне рӯ ба рӯ мешавем, ки бепарво дурӯғ мегӯянд. Вақте дурӯғгӯии фарзандонро мебинем, дар ҳайрат мемонем, ки чунин одати номатлубро аз куҷо ёд гирифта бошанд. Дар ин матлаб омилҳои рӯ овардани кӯдакро ба дуруғгӯӣ муайян мекунем.

1. Аксар кӯдакон барои ҷазо нагирифтан дурӯғ мегуянд. Аз ҷазодиҳӣ даст кашида, кӯшиш намоед хато будани амалашро дар фазои сӯҳбат фаҳмонед. Дар ин ҳолат кӯдак аз ростгӯӣ ҳарос намекунад;

2. Кӯдакон волидайнро дӯст медоранд. Барои онҳоро ғамгин накардан дурӯғ мегӯянд. Барои ҳамин ҳангоми ростқавлӣ доир ба амали содиршуда хафагии шуморо ҳис накунанд;

3. Баъзан кӯдак орзуҳои хаёлии худро дар ҳақиқат дидан мехоҳад. Ба атрофиён дар бораи рафиқи хаёлиаш, ки дар олами афсонавии ӯ вуҷуд дорад, нақл мекунад. Чунин ҳаракати кӯдакро нармдилона қабул намоед. Зеро бо мурури замон ин хаёлҳо аз байн хоҳанд рафт;

4. Баъзан кӯдакон ба дурӯғи худ боварӣ ҳосил мекунанд. Зеро дар куҷо, чӣ тавр бетартибӣ кардаашонро фаромӯш кардаанд. Дар чунин ҳолат босаброна чӣ гуна рух додани воқеаро бо кӯдак тасвир намуда, андешаи худро оид ба амали содиршуда баён намоед;

5. Кӯдакон баъзан барои дағалӣ накардан дурӯғро интихоб мекунанд. Масалан, тӯҳфаи дар зодрӯзаш кардаатон мувофиқи дилаш нест, вале “Ин орзуи ман буд!”- мегӯяд. Аслан, мо низ баъзан чунин дурӯғро интихоб мекунем;

6. Баъзан ба кӯдак суоле медиҳем, ки танҳо як варианти ҷавоб дорад. Масалан, вақте хӯрок ба табъи дили кӯдак мувофиқ нест, аз ӯ мепурсем, ки “Бомазза аст?” Барои ба дурғгӯӣ кӯдакро маҷбур накардан хубаш “Барои бомазза шудан боз чӣ илова кунам?”, гӯед;

7. Кӯдак ба амали нодурусти худ иқрор шудан намехоҳад. Зеро дар афсонаҳо амалҳои бадро персонажҳои манфӣ иҷро мекунанд. Бо иқрор шудан дар чашми волидайн ҷинояткор шудан намехоҳад. Ба кӯдак фаҳмонед, ки шахсони хуб низ хато мекунанд, вале ба амали содиркардаашон иқрор мешаванд;

8. Кӯдак дар оила тақлидкор аст. Дар муҳите ки, ҳама ба якдигар дурӯғ мегӯянд, ӯ низ моҳирона ба дурӯғгӯӣ оғоз мекунад.

Ҳалли ин масъала ҳам осон ва ҳам душвор аст. Аввал ин ки, худатон дурӯғ нагӯед!

–таҳияи Саид Муъмин


Ҳақиқати марг ва идроки кӯдак

Кӯдак ва маънавият

Тарбияи ҳисси худбоварӣ дар кӯдак

One Comment Add yours

  1. John says:

    Bandi 2. Agar farzand xafagii volidaynawro his nakunad va rostgu wavad! Oyanda chi mewavad digar volidaynam xafa nawud yoki jang nakard gufta yake be pustu ru nawavad. Bo fahmonidan chi qadar mefahmand, vay ham?

    Like

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s