Дар суроғи озодӣ (1)

Инсон аз рӯзе, ки ҳаст шудааст, дар суроғи озодӣ мебошад. Ин ҷустуҷӯ гоҳе ба он овардааст, ки ӯ иродаи худро фарқ кунад ва барои татбиқи он талош варзад, гоҳи дигар боис гардидааст, то инсон бо дин, давлат, ҳатто бо урфу одатҳои хеш муқобил барояд. Ин набард баъзан бо шеваи дурӯғини либерализм, баъзан бо фарёди ифроткоронаи нигилизм, баъзан бо сафсатаҳои харобкоронаи атеизм ва баъзан бо андешаҳои боҳамии коммунизм ифода ёфтааст.

Воқеан, фаҳмиши озодӣ дар ҷомеаҳои капиталистӣ дигар хел талаққӣ дода шудаасту дар ҷомеаҳои сотсиалистӣ дигар. Ин аст, ки онро ҳар кас ба ҳар навъе мефаҳмаду шарҳ медиҳад. Масалан, Карлайл онро дигаргуна шинохтааст, Гёте ба таври дигар тафсир додааст, Рёскин дар хусуси он тавзеҳи аҷибу ғариб баён мекунад, Голдерлин онро ҳамчун сеҳр ё афсун маънидод менамояд, Маркс онро талош барои манфиат ва мақсадҳо номидааст, Нитсше бошад вобаста ба ин масъала ақидаашро бо як фалсафаи девонагӣ баён доштааст.

Талаққии озодӣ дар замони ҳозира низ бар асоси шарҳу тавзеҳи мутафаккирони боло сурат мегирад ва мантиқу фаҳмишу биниши ҷомеа бар пояи ҳамин тавзеҳи нав, вале бештар рӯи ҳис, ҳавову ҳавас ва айшпараст шудани инсонҳо шакл дода мешавад. Ҳамроҳ бо ин фаҳмиш (озодӣ, ки аз рӯи ҳавову ҳавас ва айшпараст шудани инсонҳо) пайдо шудани як қатор ногувориву зиштиҳо ногузир буд, ки пеш омад. Дар ин давра муносибат ба дин ранги дигар гирифта, барои иддае андешаи миллӣ бо фисқу фуҷур ҳамвазн ҳисоб гардид, таърих ва ҳодисаҳои таърихӣ низ ба таври гуногун тавзеҳ ёфтанд. Иқтисод ва сиёсат бар фавқи ҳамаи арзишҳои дигари инсонӣ гузашт ва инсон чун як мавҷуди иқтисодӣ маънидод гардид.

(давом дорад)


Ҷиддият ва кор

Тамринҳои махсус барои бедор кардани малакаи эҷодкорӣ

Ҷавонон ва ҳифзи забон

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s