Дар суроғи озодӣ (2)

Дар ин миён воситаҳои тарғибгарӣ – телевизион, синамо, адабиёт ва ҳоло интернет зебоиву зиштиҳои (зиштиҳо бештар) маданиятҳоро ба ҳама қишрҳои ҷомеа ба таври мукаммал намоиш дода, дунёи афсункунандаи душманонро дониста ё надониста тавре нишон медиҳанд, ки мо онҳоро ҳамчун як пораи ҳаёти худ қабул кардаем. Ин, мутаасифона, бо номи озодӣ анҷом мешавад ва моро, бо вуҷуди таъриху фарҳанги миллӣ доштанамон, ба як гирдоби бегонашавӣ афкандааст. Ба ҳадде, ки нисбат ба арзишҳои таърихиамон, нисбат ба маънавият ва тамаддуни худ бегонавор муносибат ва зиндагӣ дорем.

Озодӣ гуфта имрӯз чунон шудем, ки ҳатто ҳамсояи паҳлӯямон чӣ ҳол дорад, барои мо фарқ надорад, вале ҳамзамон бароямон мароқовар аст, ки дар Амрико, Аврупо ё кадом гӯшаи дигари дунё чӣ гузашта истодааст. Дар ин таваҷҷуҳу алоқамандӣ ба мамолики дигар зиштиҳову номатлубиҳои рафтору муносибати ононро мушоҳида карда, ноаён ба худ гирифтаем. Ин ҳолат имрӯз аксариятро печонидааст ва берун шудан аз ин варта, мисле ки номумкин менамояд.

Бешубҳа, он чӣ ки дар ин аср моро ва ҷомеаи моро фаро гирифтааст, бамаротиб бартар аз ҳамин навъ ноҷуриҳои асрҳои пешин аст. Таассуфовар аст, ки озодӣ гуфта урфу одат ва арзишҳои худиро тамоман пушти дар кардем ва ҷомеаро ба як водии бекас (озод) табдил додем. Ҳоло ба ҷои эътиқоду бовар ба рӯҳи мо куфру илҳод роҳ ёфта, дар ҳама ҷо нигилизм (шаккокӣ) ҳамчун як ақидаи халосгар истиқбол мешавад. Ҳаёти маънавӣ заиф гардонида шуда, ҷои он гӯё дар ҳама бахшҳо барои парвариши насли танпарвару дағал талош сурат мегирад. Яъне, нафсоният боло гирифт ва насле пайдо шуд, ки не аз машруботу мухаддирот рӯ мегардонад, не аз дигар моддаҳои инсонкуш.

Озодӣ гуфта, ҳаёти маҳрамона низ чунон ба арзи ҳамагон гузошта шуд, ки ҳатто қалбҳои поку аз гуноҳ дуриҷӯяндаро ҳам аз по даровард. Маълум, ки ин ҳама аз фаҳмиши нодурусти озодӣ маншаъ мегирад ва то даме ки ин равиш идома меёбад, ва мо аз сӯиистеъмоли озодӣ даст намекашем ва чорчӯба ва меъёри аслии шинохти онро муайян намекунем, талафоти зиёд дода, ба тахриботи моддиву маънавӣ гирифтор мешавем. Дар натиҷа қомат рост кардан мушкил мегардад ва аз ин озодии бемеъёр бештар аз ҳама ҷавонон зиён дида, азият мекашанд. Пас, ҷавононро, ки ҳоло огоҳона ё худ надониста баъзе амалҳои ноҷову зиштро дар либоси озодӣ анҷом медиҳанд, зарур аст бодиққат бошанд, шинохти дурусти онро барои худ муайян кунанд. Зеро озодӣ не фисқу фуҷур асту не ҳаромхӯриву не анҷоми амалҳои дигари зишт!

–Башир Усмон, ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”


Тафаккур ва аҳамияти таҷдиди назар кардан

Бозии гургони мешмонанд

Кӯдак ва маънавият

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s